Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон оид ба футбол мусобиқоти “Ҷоми Осиё-2026-ро, ки дар Арабистони Саудӣ идома дорад, бо ғалаба оғоз намуданд.
Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар даври якуми марҳилаи гурӯҳӣ тими футболи наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дастаи Тайландро бо ҳисоби 2:0 мағлуб карданд.
Гуфта мешавад, ки бозии навбатӣ рӯзи 9-уми май баргузор гашта, футболбозони тоҷик бо тими Мянма рақобат хоҳанд кард.