goodwell
Футболбозони навраси тоҷик барои омодагӣ ба “Ҷоми Осиё 2026” ба Дубай сафар карданд
442

Тими футболи наврасони то 17-солаи тоҷик (U-17) таҳти сарварии сармураббӣ Далер Каёсов бо мақсади омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 ба шаҳри Дубай сафар карданд.

26 нафар футболбозони ҷавони тоҷик дар доираи омодагиҳо ба мусобиқоти “Ҷоми осиё 2026” то 2-юми май дар Дубай машғулият мегузаронанд. Аз ин шумора 3 нафарашон дарвозабонҳо - Абубакр Раҳмонқулов («Панджшер»), Муҳаммадраҳим Раҳмонов («Ҳосилот») ва Рамазон Абдуллозода («Душанбе»), 10 нафарашон ҳимоятгарон - Исломҷон Хоҷиев (Академияи «Крылья Советов», Русия), Мактум Алидодов («Ал-Наср», АМА), Фурқон Раҳимзода («Ҳосилот»), Мустафо Ҳасанбеков («Истиқлол»), Садриддин Сатторов, Озодбек Танджихолов, Ёкубҷон Муродов (ҳама аз «Вахш»), Мунаввар Анварзод, Ҳикматулло Кабиров, Муҳаммадҷон Кароматуллозода («Душанбе»), 9 нафар нимҳимоятгарон - Ёсин Юсупов (Академияи «Леванте», Испания), Меҳрубон Одилзода («Истиқлол»), Парвиз Бобоназаров («Вахш»), Муҳаммадҷон Мираҳмадов («Барқчӣ»), Олимҷон Олимов, Сиёвуш Назаров, Азизҷон Шодиев, Комилҷон Шарипов, Фирдавсӣ Ҳалимов («Душанбе») ва 4 нафар ҳамлагарон - Парвиз Сангов («Космос», Русия), Асадбек Махтумов («Эсхата»), Биҳиштӣ Раҷабзод, Алишҷон Шуҳратҷонзода («Душанбе») мебошанд, вале танҳо 23 нафар бозингарон ба рӯйхати ниҳоии даста барои иштирок дар мусобиқоти “Ҷоми Осиё-2026” дохил мешаванд.

Ситоди мураббиён нақша дорад, ки тавассути машқу тамрин дар Дубай робитаи бозигаронро қавӣ гардонида, беҳтаринҳоро муайян ва дастаи пурқувватро созанд.

Ёдрас мешавем, ки мусобиқоти “Ҷоми Осиё-2026” аз 5-ум то 22-юми май дар Арабистони Саудӣ баргузор гашта, Тоҷикистон дар гурӯҳи A бо дастаҳои Арабистони Саудӣ, Тайланд ва Мянма рақобат мекунад. Футболбозони тоҷик санаи 5-уми май бо Тайланд, 9-уми май бо Мянма ва 12-уми май бо Арабистони Саудӣ қувваозмоӣ хоҳанд кард.

Мусобиқоти “Ҷоми Осиё 2025” барои наврасон яке аз мусобиқаҳои калидӣ ба шумор меравад. Аз натиҷаҳои ин мусобиқа иштирокчиёни “Ҷоми ҷаҳон-2026” миёни наврасон муайян мегарданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Футболбозони навраси тоҷик барои омодагӣ ба “Ҷоми Осиё 2026” ба Дубай сафар карданд
goodwell
404
Сахифа пайдо нашуд
Ба сахифаи асоси