Амадонӣ Камолов, футболбози Тими миллии Тоҷикистон ба дастаи футболи “Гулгуҳар”-и Эрон гузашт. Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст.
Тибқи иттилои манбаъ, Камолов бо тими “Гулгуҳар”-и Эрон барои ду мавсим қарордод бастааст. Қаблан “Перпсеполис”-и Эрон барои ин бозингар ба “Истиқлол” $100 доллари амрикоӣ пешниҳод намуда буд, вале “Истиқлол” бозингари муваффақашро фурӯхтан нахост.
“Гулгуҳар” дар байни тимҳои миллии футболи Эрон зинаи панҷумро ишғол менамояд.