Дар шаҳраки Ливермори иёлоти Калифорнияи Амрико тӯли 120 сол аст, ки фурӯзонаке (лампочка) кор мекунад. Фурӯзонак қувваи 4 ваттро дошта, маркази шуъбаи оташфишониро равшанӣ медиҳад.
Соли 1901 ин фурӯзонакро тоҷире ба шуъбаи мазкур ҳадя карда буд. Фурӯзонак давоми 120 сол якчанд маротиба аз кор монда, боз ба кор даромадааст. Масалан, як рӯз соли 1903, 7 рӯз соли 1930 ва якчанд маротибаи дигар дар вақти набудани барқ. То ҳол ягон кас ҷавоби аниқ дода наметавонад, ки баро чӣ ин фурӯзонак то ҳол насӯхтааст.