Gazprom july 2025
Фурудгоҳи шаҳри Душанберо васеъ мекунанд
12.08.2025
Oila.tj
104

Дар Фурудгоҳи шаҳри Душанбе хати зимомии нав бо дарозии 1,5 км ва паҳноии 60 метр сохта мешавад.

Дар ин бора котиби матбуотии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Ҷамила Ҳусейнова дар шабакаи иҷтимоии “Фейсбук” хабар дода, афзуд, ки Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе тасмим гирифтааст зиёда аз 250 ҳазор метри мураббаи хатҳои зимомӣ ва перонии фурудгоҳро таъмиру мумфарш кунад.

“Бо ба инобат гирифтани афзоиши хатсайрҳо дар ояндаи наздик фурудгоҳ азм намудааст илова ба 24 таваққуфгоҳи мавҷуда, боз барои зиёд намудани иқтидори қабули ҳавопаймоҳои калонҳаҷм 10 таваққуфгоҳи иловагӣ - ҷойи исти ҳавопаймоҳо бунёд намояд”,- илова намуд ӯ.

Тавре зикр гардид, дар баробари сохтмони таваққуфгоҳҳои нав инчунин дар фурудгоҳ хати зимомии нав бо дарозии 1,5 км ва паҳноии 60 метр сохта мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД