sebiston july new
Фотимаи дарвозӣ даргузашт
1505

Фотима Сулаймонова, маъруф ба холаи Фотимаи дарвозӣ, ки баъд аз як суҳбаташ бо Президенти кишвар машҳур гашт, имрӯз дар синни 67-солагӣ аз олам даргузашт. Дар ин бора Почобибӣ Абдуллозода, муовини раиси ноҳияи Дарвоз ба "Оила" иттилоъ дод.

Хонум Абдуллозода гуфт, холаи Фотима аз ноҳияи Дарвоз ба шаҳри Душанбе омадааст ва дирӯз 2-юми июн  дар инҷо фавтидааст.

"Тибқи баъзе хабарҳо фишори хунаш баланд шудааст", - гуфт муовини раиси ноҳияи Дарвоз. 

Ёдовар мешавем, ки холаи Фотима дар як сафари Президент ба ноҳияи Дарвоз, ки моҳи октябри соли 2022 сурат гиирфта буд, дар ҷаласаи фаъолони ноҳия баромад намуд. Ин навори суханронии ӯ дар интернет паҳн шуд ва ҳаводори зиёд ёфт.

Баъди ин, холаи Фотима бо иштирокаш дар озмуни "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" то пойтахт омад. Дар даври ниҳоии озмун ба ӯ ҳамчун иштирокчии фаъол 5000 сомонӣ ҷоиза додаанд.

Аз идора: Аҳли эҷоди сомона аз шунидани ин хабари нохуш сахт андуҳгин буда, ба пайвандони марҳум сабри ҷамил мехоҳем.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД