Ӯ ҳанӯз хеле ҷавон аст, вале бо садои асалинаш аллакай дар дилу дидаи мардум маъво гирифта, гули сари сабади маҳфилҳо гаштааст. Номашро дар қатори ситораҳои санъат ба забон мегиранд, аммо вай ҳаргиз аз шуҳрату маҳбубияте, ки дар байни халқ дорад, ифтихор намекунад.
Заминию самимист, аз ҳамин сабаб, азизи дили хурду калон гаштааст. Бо хоҳиши мухлисонаш мо бо ин зебосанами фариштахӯ, овозхони ансамбли «Фалак»-и Кумитаи телевизион ва радио Фотима Машрабова суҳбати ҷолибе оростем, ки фишурдааш пешкаши шумо, хонандагони азиз мегардад
-"Захмае бояд, ки ҷони хуфта бархезад зи хоб" гуфтаанд. Ба саҳнаи калон баромадани шуморо чӣ сабаб гашт?
-Мероси бобову падар ва меҳри кӯдакӣ.
-Нафаҳмидам...
-Ишқи санъат аз айёми тифлӣ дар рангҳои ман шараён дорад, охир ман набераи ҳаҷвнигори машҳур Устоқадам Машрабов мебошам. Падарам Артур Машрабов, дар тамоми чорабиниҳои идонаи кишвар масъули бахши мусиқӣ буданд.
-Дар як мусоҳибаатон ба Радиои озодӣ гуфтаед, ки бо падарам хӯрок намехӯрдам ва барои дер ба хона омаданаш ба ӯ нафрат доштам. Магар волидонатон аз ҳам ҷудо зиндагӣ мекарданд?
-Азбаски падарам коргардони овоз буданд, ҳамеша дар маъракаҳои гуногун банд шуда, хеле кам ба хона меомаданд. Ман, ки дар оила фарзанди хурдӣ ва эркачаи падар будам, ҷони модарамро ба лабаш меовардам, ки падарам кай меояд. Бисёр вақт ҳатто қаҳр карда, хӯрок намехӯрдам... (механдад)
-Имрӯз, ки худатон сароянда ҳастед, ба қадри падар расидагистед?
-Бале, гап дар ин ҷо будаасту ман гумон мекардам, ки падарам дар ким-куҷоҳо ҷӯрабозӣ карда мегардад.
-Санъат сарҳад надорад. Бештари сарояндагони мо имрӯз кӯшиш мекунанд, ки ба саҳнаҳои ҷаҳонӣ роҳ ёбанд. Шумо чунин орзуву ният надоред?
-Дар ҳайати ансамбли “Фалак” бо роҳбарии устод Давлатманди Хол ба чандин давлатҳои Аврупову Осиё ва Русияву Олмон сафари ҳунарӣ намуда, фалаки тоҷикиро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ намудаем.
-Бархе бар он назаранд, ки роҳи аз ҳама осонӣ бой шудан сароянда шудан аст. Ҳамагӣ 2-3 соат суруд мехонию пачка-пачка пул ба ҷайбат медарояд...
-Касе, ки чунин мегӯяд, аз кӯчаи санъат нагузаштааст. Ҷодаи ҳунар роҳи басо пурпечутоб ва душвор аст, на ҳар кас ба он тоқат карда метавонад. Лаҳзаҳое мешаванд, ки ҷони худи ман ба лабам расида, тарки саҳна намудан мехоҳам, вале боз меҳри суруду мусиқӣ боло гирифта намегузорад, ки аз баҳри ҳунарам гузарам.
-Шумо як чеҳраи шинохта, бар замми ин, бисёр бонуи зебо ва дилкаш ҳастед. Талабгорони чунин духтари нозанин кам набудагистанд?
-Бисёриҳо мехоҳанд, ки ман арӯси хонадонашон бошам. Пою қадами хостгорон аз дари хонаамон канда нест, вале ҳамаашон як хоҳиш доранд, ки ман тарки саҳна намуда, дар ягон соҳаи дигар кор кунам ё хонашин шавам. Барои ман ва волидонам ин хоҳиш қобили қабул нест, аз ҳамин хотир, хостгоронро навмед гусел мекунем.
-Ба фикри Фотима аз ҳама муҳим дар олам чист: бахт, пулу мол ва ё шуҳрат?
ФОТИМА МАШРАБОВА: МАН БО ПУЛИ КАВАЛЕР МОШИН НАХАРИДААМ! (ВИДЕО)
-Бахт албатта қиматтар аст, вале шахсан ман ба хотири оила шуда, санъатамро қурбон кардан намехоҳам.
-Ҷавоне пайдо шаваду дилатонро ёфта, шуморо побанди ишқи худ созад ва баъди тӯй дигар ба саҳна баромадан намонад, он гоҳ чӣ кор мекунед?
-Кӯшиш мекунам, ки дили ҳамсарамро ёфта, санъатамро давом диҳам. Албатта тӯй ба тӯй намегардам, танҳо барои дар телевизион баромад кардану дар чорабиниҳои расмӣ ширкат варзидан иҷозат диҳад, кифоя аст.
-Бойфренд доред?
-Ҷавонони зиёде аз пуштам давида мегарданд, вале то кунун дил ба касе надодаам. Росташро гӯям, ман ба мардҳо боварӣ надорам. Падару модарам касеро, ки интихоб намоянд, риштаи тақдирамро бо ҳамон шахс мепайвандам. Муҳимаш инсони хуб бошад, маро эҳтиром намояд ва барои ба саҳна баромадани ман монеъ нашавад...
-Мошини шахсӣ доред?
-Худованд, агар насиб карда бошад, рӯзҳои наздик мехарам.
-Аксари сарояндагони эстрадӣ шашмақому фалак суруда наметавонанд. Шумо мусиқии классикиро чӣ гуна омӯхтед?
Фалаку шашмақомро дар ҳақиқат на ҳар кас суруда метавонад, вале хушбахтона ман қариб дар тамоми жанрҳои мусиқӣ суруд хонда метавонам. Бахши овозхони анъанавии Консерваторияи Миллии Тоҷикистонро бо дипломи сурх хатм намудаам. Фалаксароӣ ин касби ман аст.
-Бисёриҳо чунин андеша доранд, ки Фотима Машрабова бадеҳаи “Гул бо рӯяте”-ро ҳамроҳи Нигина Амонқулова хонда машҳур шуд...
-Ягон ҷои пинҳонкунӣ надорад, дар ҳақиқат баъди ҳамроҳи Нигина бадеҳа хонданам мардум маро бештар шинохтанд. Нигина бе гуфтугӯ дар пешравии ҳунари банда саҳми босазо гузошт. Аслан, ману Нигина дугонаҳои ҷонӣ ҳастем. Хеле дӯсташ медорам.
-Боз бо кадом сарояндагон дӯстӣ доред?
-Ҳамаашонро ҳурмату эҳтиром мекунам. Дар чорабиниҳо вохӯрда, суҳбат мекунем, ба якдигар занг мезанем ва мудом аз ҳолу аҳволи ҳамдигар хабардор шуда меистем...
-Асрори зебогии Фотима дар чист? Аз ороишоти косметикӣ истифода мебаред ё ҳуснатон худодод аст?
-Мухлисонам маро бе косметика дӯст медоранд. Вақте ки ороишоти косметикӣ мекунам, ошкоро мегӯянд, ки ба ту намезебад. Аз ҳамин сабаб, хеле кам косметика мекунам.
-Дар охир ба мухлисонатон чӣ таманно доред?
-Тани сиҳат, дили беғам ва хотири ҷамъи мардуми тоҷик орзуи ҳамешагии банда аст. Ҳамеша дар лабонашон хандаю дар фазои хонадонашон садои суруду мусиқӣ танинандоз бошад.