Formula 2025 may
FORMULA55 боз як қаҳрамони ҷаҳонро дастгирӣ намуд
02.05.2025
Oila.tj
111

Ширкати FORMULA55 дар доираи лоиҳаи "Тоҷикистон ба пеш" аввалин қаҳрамони ҷаҳон аз Тоҷикистон оид ба гӯштингирӣ, қаҳрамони Осиё, дорандаи медали тиллои Ҷоми Раиси Душанбе ва чандинкарата ғолиби мусобиқаҳои байналмилалӣ - Шакармахмад Мирмахмадовро дастгирӣ кард.

2_29

Нишасти матбуотӣ дар Қасри теннис ва варзишҳои обии шаҳри Душанбе баргузор гардид. Дар чорабинӣ директори генералии ширкати FORMULA55 Подчаев Баҳром Рустамович, намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Шакармахмад Мирмахмадов, инчунин мухлисон ва ҳаводорони варзиши тоҷик иштирок доштанд.

3_27

Шакармахмад Мирмахмадов яке аз чеҳраҳои барҷастаи варзиши Тоҷикистон мебошад. Ӯ дар вазни вазнин ҳунарнамоӣ намуда, ба натиҷаҳои назаррас дар гӯштини миллӣ ва ҳам дар дзюдо ноил гаштааст. Дар рафти нишасти матбуотӣ варзишгар аз фарқиятҳои ин ду навъи гӯштин ҳарф зада, дар мавриди фаъолияту таҷрибаи варзишии худ суханронӣ кард. Инчунин нақшаҳои худро барои идомаи муаррифии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ изҳор намуд.

4_28

Барои нишон додани дастовардҳои арзанда ва муаррифии давлат дар арсаи байналмилалӣ Ширкати FORMULA55 ба қаҳрамони ҷаҳон ҷоизаи махсус ва мукофоти пулиро тақдим кард.

5_15

Лоиҳаи «Тоҷикистон ба пеш» барои дастгирии варзишгарон ва рушди варзиши тоҷик равона шудааст.

6_10

FORMULA55 - Мо варзишро рушд медиҳем!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД