goodwell
Фолбинзане, ки бо узви занонаи гург ҷодугарӣ мекардааст, ба даст афтод
215

Кормандони милитсия фолбинзанеро боздошт намудаанд, ки гӯё бо узви гург гармию хунукӣ ва сеҳру ҷоду карда, аз одамон маблағҳои гуногуни пулӣ мегирифтааст.

Тибқи иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, Саломат Арзиеваи 55-сола сокини шаҳри Ҳисор буда, зимни машғул шудан ба фолбинӣ аз ҷониби кормандони шуъбачаи сайёҳии милитсияи пойтахт дастгир карда шудааст. Гуфта мешавад, ки номбурда бо мақсади ба даст овардани манфиати молиявӣ солҳои тӯлонӣ бо амали фолбинӣ машғул шуда, бо истифода аз риштаҳои ранга, обу сипанд ва узви занонаи гург амалҳои сеҳру ҷодуро анҷом медодааст.

Вобаста ба ин ҳолат, нисбати Арзиева С. бо моддаи 482-и КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо қарори суд нисбаташ ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи 80 нишондиҳанда барои ҳисобҳо таъин гардидааст, ки ба 6240 сомонӣ баробар мебошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД