Ман ҷавонзани 36-солаам. Мақсади дарди дил карданам шиква аз як зани баттол аст, ки чанд рӯз пеш вориди хонаи хоҳаронам гашта, бо дурӯғу фиреб худро фолбини ботаҷриба муаррифӣ кардааст ва баъдан ба боварияшон даромада, ҷавоҳироти тиллоияшонро бо ҳазор ҳиллаву найранг ба даст оварда, аз хонаашон фирор кардааст.
Хоҳари хурдиям дар деҳа зиндагӣ мекунад. Ин зани ҷосус, ки синну солаш тахминан 35-40-сола ба назар мерасад, аз забони касе мушкилоти хоҳарамро фаҳмидаасту ба хонаи онҳо рафтааст. Барои ба боварии оилаи хоҳарам даромадан аввал як коса об пурсон шудааст. Мардуми тоҷик чун анъана меҳмондӯстанду носанҷида дари хонаро ба рӯйи ҳар кас боз мекунанд. Хоҳарам барои савоб косаи обро ба ӯ дароз карда, ба доми бало гирифтор гаштааст. Зани фиребгар арӯсаки яксоларо аз нӯги пой то фарқи сараш назорат карда, ҳиллаву найрангашро ба кор бурдааст. Чашмони бозингарашро ин сӯву он сӯ тоб дода, гӯё роҳи ҳалли мушкилоти онҳоро меёфта бошад, тилло талаб кардааст. Ҳатто гуфтааст, ки ман фолбини моҳирам, ангуштарини тиллоии дастатро дар пешам гузорӣ, ба Худо қасам, чунон фол мебинам, ки ояндаат дар пеши чашмонат мисли навори кино давр мезанад. Хушдомани хоҳарам зери таъсири гипнози зани дурӯғгӯ монда, ангуштаринро дар пеши ӯ монда, “ҳар чизеро дар ояндаи келинам мебинед, мо розием” гуфтааст.
Бар замми ин, он зани фиребгар суроғаи хоҳари дигарамро, ки М. ном дораду ду кӯча боло зиндагӣ мекунад, пурсон шудаасту ба проблемаи оилавии онҳо низ бинӣ халондааст. Он зани фиребгар ба хотири он, ки ояндаи наздик фарзанддор мешавад ё на, хоҳарамро фиреб кардааст. Илова бар ин, ангуштарини ӯро бо нияти он, ки ӯро фол кушода, ҳақиқатро гуфтааст, кашида гирифтааст.
Хонандагони азиз! Ин хел одамон аз куҷо ин қадар ҷуръат доранд? Кӣ медонад, ба ғайр аз хоҳаронам боз чанд нафарро дар рӯзи равшан ғорат карда бошанд?!
САНАМ, ш. Ҳисор
P.S. Шаҳрвандони азиз, ҳамарӯза мақомоти корҳои дохилӣ бо чунин фолбину ҷодугарон, ки мардуро фиреб мекунанд, мубориза мебарад. Агар шумо ҳам дучори фиреб шудаед, ба милитсия занг занед.