Formula novemver 2024
Фоҳишаҳои муштзӯрро дастгир карданд
1236


Шаҳноза ва Манижа аз зумраи занҳои роҳгумзадае мебошанд, ки ба ҷойи машғул шудан бо меҳнати ҳалол ва бунёди оилаи солиму тавлиди фарзандони солеҳ қадам ба кӯйи зинову гуноҳ ниҳода, зиндагии худро бо танфурӯшӣ пеш мебурданд.

Ин ду зани фоҳиша бо нозу ишва дар кӯчаҳо мардони пулдорро “шикор” карда, ба манзили иҷораашон мебурданду баъд сайди худро азобу шиканҷаи зиёде дода, ба азоби дӯзах гирифтор мекарданд...
Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе сокини шаҳри Душанбе Абдуманнон Болтаевро, ки қаблан 2 маротиба барои дуздӣ ва роҳзанӣ суд шудааст, бо ҷурми гаравгонгирӣ, тамаъҷӯӣ ва роҳзанӣ ба 16- соли зиндони низомаш сахт маҳкум намуд.

Таассуфовараш он аст, ки бо ин марди роҳзан ду зани тҷик низ ҳамроҳ буда, ин се нафар як гурӯҳи ҷиноӣ ташкил кардаанд, ки ҳадафаш азобу шиканҷа додан ва ғорат намудани мардон будааст.

Тавре ки Бомдод менависад, ҳамроҳони Болтаев-Шаҳноза ва Манижа ном дошта, бо танфурӯшию фоҳишагӣ машғул будаанд. Онҳо хонаеро дар кӯчаи Неъмат Қаробоеви пойтахт ба иҷора гирифта, тавассути Интернет ба шаҳрвандон алоқаи ҷинсӣ ва хидматҳои шаҳвониро бар ивази маблағи муайян пешкаш мекардаанд. Вақте ки “муштарӣ” ба доми ин ду зани шайтонсират меафтод, Шаҳнозаву Манижа марди фиребхӯрдаро ба хонаи иҷораашон даъват мекардаанд, вале ҳангоми айшу ишрат “ногаҳон” саркардаи ин дастаи роҳзанон Абдуманнон Болтаев дар дасташ завлона ва электрошокер ҳозир шуда, худро корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муаррифӣ намуда, он мардро латтукӯб кардаву ба навор гирифта, гӯё бар ивази парвандаи ҷиноӣ накушодану ба касе фош накардани ин сир маблағи калон талаб мекардааст. Маблағи аз ин рҳ ба даст омадаро баъдан Абдуманон Болтаев бо шариконаш Шаҳноза ва Манижа тақсим мекардааст, вале беҳуда нагуфтаанд: “Бори каҷ ба манзил намерасад!” Амалҳои бад ва разилонаи ин гурӯҳ низ пинҳон намонда, ин сегонаи “рекетёр” ба чанг афтоданд.

Суд бо ҷурми даст доштан дар ҷиноятҳои махсусан вазнин Шаҳноза Тошпӯлодоваро ба 13- соли зиндон ва Манижа Бобозодаро ба 11- соли зиндони низомаш умумӣ маҳкум кард. Ин ду зан даст ба фоҳишагию авбошӣ зада. Ҳаёти хешро бо дасти худашон сӯхтанд ва акнун чандин соли умри ҷавонашонро дар пушти панҷараи зиндон сипарӣ хоҳанд кард.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД