Зардолуқоқ аз магний бой аст, вақте миқдори магний дар хун баланд мегардад, таъсири таскинбахш дорад.
Бо шарофати ҳамин хусусияташ зардолуқоқ фишори дохили рагҳои хунгардро бартараф месозад. Вақте гардиши хун хуб мегардад, ҳолати гурдаву дил беҳтар мегардад.
Ҳамзамон ғӯлинг ба мағзи сар ғизо дода, хотираро мустаҳкам менамояд. Аз ин хотир, истеъмоли зардолуи хушк барои донишҷӯён дар давраи имтиҳотон муфид аст.
Зардолуи хушк хусусан барои занҳои ҳомила хеле муфид аст. Агар занҳои дуҷон ба ҷои дорувории магний зардолуи хушк истеъмол кунанд, нуран ало нур мешавад.