Тоза кардани мӯйи бадан бо истифода аз қандоби ғафс, ки онро мутахассисон “шугаринг” меноманд, имрӯз хеле амалиёти маъмул ба шумор меравад.
Бартарии амалиёти мазкур дар он аст, ки ҳам вақт сарфа мешаваду ҳам маблағ ва он ба пӯст ва саломатии инсон зарар намерасонад. Агар амалиёт дуруст гузаронида шавад, баъди анҷом додани он бадан муддати 2-4 ҳафта аз мӯй тоза мешавад. Дар сурати мунтазам истифода бурдани шугаринг мӯйи бадан сафедчатоб гашта, тунуку тоза карданаш осонтар мегардад.
Шугаринг дар хона
Азбаски пӯсти инсон аз таркиби шугаринг аллергия надорад, қандоберо, ки барои анҷом додани шугаринг истифода мешавад, маҳсулоти табиӣ номидан мумкин аст. Бонувони бомаҳорат мустақилона дар хонаи худ низ аз уҳдаи анҷом додани шугаринг баромада метавонанд.
Зарари шугаринг дар чист?
Ҳангоми анҷом додани шугаринг ҳарорати бадан баланд мешавад ва барои нафароне, ки аз бемории васеъшавии рагҳо (варикоз) азият мекашанд, қатъиян тавсия дода намешавад. Барои он ки амалиёти шугаринг бе дард гузарад, кӯшиш намоед, ки баъди 4-5-ум рӯзи қатъ шудани давраи ҳайз бо ин кор машғул шавед.
Шугаринг ба киҳо зарар дорад?
Амалиёти шугаринг барои бонувоне, ки гирифтори бемории диабети қанд ё ҳомиладор ҳастанд, тавсия дода намешавад. Рафту то давраи ҳомиладоршавӣ зан ягон маротиба “шугаринг” накарда бошад, анҷом додани он барои зани ҳомила манъ аст. Гап сари он аст, ки дар давраи ҳомиладорӣ занҳо аз ҳад зиёд ҳассос, яъне дардро эҳсос мекардагӣ мешаванд.
Ҷароҳат дошта бошӣ, шугаринг накун!
Вуҷуд доштани ҳама гуна ярачаву захм ва тарқиши пӯст барои гузаронидани амалиёти шугаринг монеа эҷод мекунанд. Ҳарчанд шугаринг амалиёти хеле осони тоза кардани мӯйи бадан аст, он метавонад боиси бештар ҷароҳат ёфтани пӯсти захму ярадошта гардад.
Бемориҳои равонӣ ва асаб
Ҳама гуна амалиёте, ки боиси дардро эҳсос кардани инсон мегардад, сабаби хурӯҷ намудани бемориҳои равонӣ ва асаб гашта метавонад. Хусусан барои нафароне, ки гирифтори бемории саръ (эпилепсия) ҳастанд, шугаринг тавсия дода намешавад.