arzon replenishment
ФОҶИАИ ПИСАРЧАИ 4-СОЛА
3008


Ин тифлаки дӯстрӯяк ҳамагӣ 4-сол дошт ва бо хандаҳои беғашаш мисли офтобаки дурахшон ба аҳли оила шодиву нишот мебахшид.

Ҳар рӯз баробари дамидани субҳ ин писарчаи шӯху бебок мисли булбулак аз хоби ноз бедор шуда, ба чаҳ-чақ задан медаромад ва давутозу ҳаёҳуйи кӯдаконаи ӯ хонаро ба тӯйхона мубаддал мегардонд. Бо дидани нағмаҳои ширини тифлонаи ҷигарбандаш беихтиёр дар лабони модар табассум гул мекард, падар бошад, курта-курта гӯшт мегирифт, ки чунин шоҳписари нозанин дорад.

Зану шавҳар бо ҳазорон орзуву умед фарзандашонро Хуршед ном гузошта буданд, то зиндагии онҳоро як умр нурафшон созад, вале Хуршедҷон рафту бо рафтани худ ҳаёти волидонашро тираву тор ва хонаи падарашро мотамсарой гардонд. Модари зори ҷигарсӯхтааш рӯю мӯяшро канда, ашк не, балки хуноба аз дида меборад, оҳи падари фарзандгумкарда бошад, басо сӯзандатар аз гулхани сӯзон аст, хешу табор, ёру ошно, ҳама дар сӯги ин тифли ғарқи хун хун мегирянд, зеро риштаи умри Хуршедҷони хурдакак ба таври фоҷиавӣ канда шуд.
Тавре ки ВКД хабар додааст, ин ҳодисаи ҷигарсӯз рӯзи 24-уми август, тахминан соатҳои 17.00 рӯй дода, Абдуқаюм Исломзода, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тойота -Каролла” ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ноҳияи Ҳисор аз ӯҳдаи идора кардани мошин набаромада, ноболиғ Хуршед Назировро пахш кардааст. Писарчаи 4-сола бар асари ин садамаи хунин ҷароҳатҳои хеле вазнин бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расид.
Тафтишоти ин қазия аз ҷониби мақомот идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД