Вазорати умури дохилии кишвар аз сар задани як ҳодисаи нохуш хабар додааст, ки бар асари он якбора ду аъзои як хонавода-падару писар зарар дидаанд.
Эраҷ Мирзоеви 54-сола дар натиҷаи афтидан ба ҷарии қаъраш қариб 100 метр ба ҳалокат расида, писараш Орзу, ки ҳамагӣ 11-сол дорад, дар ҳолати вазнин қарор дорад.
Тавре ки манбаъ менависад, ин ҳодисаи нохуш дар Раштқаъла рӯй дода, санаи 29-ум, тахминан соати 16:00 ронандаи автомашинаи тамғаи “ Чанху”, Мирзоев Эраҷ Мирзошоевич, соли таваллудаш 1968, сокини ноҳияи Роштқалъа, зимни ҳаракат аз деҳаи Делох ба деҳаи Лахшики ноҳия аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба канори чапи роҳ ба чуқурии зиёда аз 95 метр сарозер шудааст.
Дар паи ин ҳодиса ронанда Мирзоев Э,М дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, мусофирони ҳамроҳаш буда: писараш, Марамов Орзу Эраҷович, соли таваллудаш 2011 ва Мағзумов Шафтолу Шасуфбекович, соли таваллудаш 1977, сокини ноҳияи мазкур ҷарорҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, айни ҳол дар беморхона мебошанд.
Аз руйи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.