Умарҷони 5-сола дигар “дадаҷон!!!” гӯён, ҳар шом ба истиқболи падар намедавад.
Дигар ин писарчаи шӯху бебок ҳавлиро ба сараш бардошта, ҳамроҳи ҳамсолонаш давутоз намекунад.
Дили модар ба ёди “очаҷон” гуфтаҳои писаракаш гум мезанад, аммо дигар ҳаргиз ин калимаро аз забони Умарҷон шунида наметавонад.
Бозичаҳояш дар рӯйи хона ҳайрону зор монда, гӯиё гиря мекунанд.
Падар сарашро бо кафи дастонаш дошта, бо қомати дар зери бори ғам шикаста ба ёди фарзанди дилбандаш хомӯшона ашк мерезад.
Нолаи ҷонсӯзи модари фарзандгумкарда дили санги хороро ҳам об мекунд.
Хешу табор, ҳаққу ҳамсоя, тамоми деҳа имрӯз мотамзада аст.
Хурду калон барои ин тифли маъсум хун мегирянд, охир ҳамагӣ як рӯз пеш Умарҷон сиҳату саломат ҳамроҳи дигар кӯдакон давутоз карда мегашт, аммо...
Хатои як ронанда ниҳоли умри ин кӯдаки бегуноҳро решакан карда, боиси марги фоҷиавии Умарҷони 5-сола гашт.
Тавре ки Вазорати умури дохилии кишвар хабар медиҳад, ин ҳодисаи нохуш дирӯз, тахминан соатҳои 16.30 сар зада, ронандаи автомашинаи боркаши тамғаи “Форланд”, Сабуров Ҳандулло Мирзомуддинович, соли таваллудаш 1989, сокини шаҳри Бохтар, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ноҳияи Ҷайҳун, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагари хурдсол Умарҷон Муҳиддинов, соли таваллудаш 2016, сокини ҳамин ноҳияро пахш намудааст. Кӯдаки хурдсол бар асари садама ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид. Айни замон таҳқиқоти аз рӯйи ин ҳодиса идома дорад.
Ф. Сатторӣ