formula
Фоҷиаи хунини Рафоат ва Амир
03.03.2022
ОИЛА
7207


Дар атрофи ҷисми хуншори зан одамони зиёде ҷамъ омада буданд. Хун ба мисли фаввора шорида дар як лаҳза заминро лолагун кард. Роҳгузарон бо дидани ин манзара ба даҳшат афтиданд...


Ин ҳодисаи нохуш субҳи 1-март, тахминан соатҳои 6.30 дар пойтахт сар зада, ронандаи автомашинаи тамғаи «ВАЗ-2114» Муҳаммадамин Нуров ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди пойтахт аз ӯҳдаи идораи кардани нақлиёт набаромада, пиёдагард, Сулаймонова Рафоат Каримҷоновна, соли тавалудаш 1962, сокини шаҳри Душанберо пахш кардааст. Зани 60-сола бар асари ин садамаи тақдирсӯз ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат мерасад.
Вазорати умури дохилии кишвар ҳамзамон аз сар задани боз як садамаи дигари хунин хабар додааст, ки боиси канда шудани риштаи умри як ҷавони 30-сола гашт. Тавре ки манбаъ менависад, ҳодиса тахминан соатҳои 19:30-и шом сар зада, ронандаи мошини «Дулан» Маҳмуд Икромов, сокини ноҳияи Спитамен, ҳангоми ҳаракат кардан дар шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ”, дар ҳудуди ноҳияи Деваштич аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Газел” бархӯрдааст.
Ронандаи “ГАЗЕЛ” Амир Ҳалимови 30-сола бар асари ин садамаи сархӯр ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Тафтишт аз рӯйи ин ҳодисаҳо идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД