1, 2, 3, 4, очаҷон, то идгардак ҳамиқа рӯзи дигар монд-а?
-Ҳа бачаҷон, то иди рамазон ҳамагӣ 3-4 рӯзаки дигар монд.
-Тезтар ид шавад, ман либосҳои навма пӯшида идгардак мерам. Очаҷон, дар идгардак чӣ метиянд?
-Тухм, хурӯсак, жвачка, қанд, ҳама чиз медиҳанд бачаҷон...
-Шумо барои ман халтача харидед?
-Харидам бачам, харидам...
Эшонҷони 4-сола рӯзе чанд маротиба бо ангуштакони хурдакакаш рӯзҳои то иди саиди фитр боқӣ мондаро мешумурду мешумурд. Шодию хурсандии ин тифли орзупарвар ҳадду канор надошт. Бисёр мехост, ки тезтар ид шавад ва ӯ ҳамроҳи ҷӯраҳояш ба идгардак равад. Модар бехабар аз бозиҳои тақдирсӯзи қисмат бо ҳазорон орзуву ҳавас аллакай барои писарчаи дӯстрӯяш сару либоси шинам ва пойафзоли наву халтача харида буд, аммо...
Дидани рӯзи иду ҳамроҳи дигар кӯдакон ҳаёҳуйкунон бо шодию шинот ба идгардак рафтан ба Эшонҷони хурдакак муяссар нагашт....
Орзуҳои ширини модар барбод рафта, манзилаш мотамсарой гашт...
Дар арафаи иди саиди фитр ва дар рӯзи иди ғалаба аждари бераҳми марг якбора ба гулӯи ин тифли кӯчак панҷа зада, Эшонҷонро ба коми худ фурӯ кашид ва кӯдаки маъсум оғӯшта дар хуни худ ин дунёи бевафоро падруд гуфт.
Ин фоҷиа санаи 9-май, тахминан соатҳои 19.20 сар зад ва ронандаи мошини тамғаи “Мерседес-Бенс” Баҳромҷон Саъдуллоеви 31-сола ҳаракат дар шоҳроҳи Ваҳдат-Нуробод-Рашт аз ӯҳдаи идора кардани мошин набаромада писарчаи хурдсол Эшонов Эшонҷон Тӯйчиевичро пахш намуд. Кӯдаки 4-сола бар асари ин садамаи тақдирсӯз ҷароҳатҳои зиёде бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид.
Рӯҳат шод бод, тифли маъсум!