Дилафрӯз нав ба синни 7-солагӣ қадам ниҳода буд ва мебоист имсол ба синфи 1 равад.
Ин духтарчаи дӯстрӯяк дар дил орзуву ҳавасҳои зиёде дошт ва мехост дар оянда хонда духтур шавад, аммо риштаи умри ин тифли номурод ба таври фоҷиавӣ канда шуда, бо дидани ҷисми беҷони ғарқи хуни ҷигарбандашон фиғони падару модари ҷигарсӯхтааш ба фалак печид...
Ин ҳодисаи нохуш ва риққатбор субҳи 8-август, соатҳои 8.00 дар деҳаи Гулисони ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Кӯшониён ба вуқуъ пайваста, беэҳтиётии як ронандаи ҷавон боиси ҳалокати ин тифлаки бегуноҳ гашт.
Тавре ки Вазорати умури дохили хабар додааст, субҳи 8-август сокини ҷамоати деҳоти Тоҷикободи ноҳияи Вахш Ҷумъахон Назарови 27-сола ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Кӯшониён ба самти ноҳияи Вахш аз ӯҳдаи идора кардани мошини “Опел-Астра” набаромада, сокини деҳаи Навбаҳори ноҳияи Кӯшониён, Файзуллоева Дилафрӯз Маҳмадовна, соли таваллудаш 2014-ро пахш намудааст. Духтарча дар натиҷаи ин садамаи хунин ҷароҳатҳои вазнини зиёде бардошта, дар роҳ ҷониби бемористон ҷон дод.
Тафтишоти ин қазияи хунин аз ҷониби мақомот идома дорад.