arzon replenishment
Фоҷиаи хоҳари сархӯр Қисми 2
2365

Арӯси бе соҳиб

Аз ҳомиладории ман касе хурсанд набуд, ҳатто шавҳарам ҳам. Аз қафои мол гашта, мисли ҳайвон шуда буд. Парвои зану фарзандро надошт. Дар баданам ҷон намонда буд. Камхун, ки будам, бе ҷону беҳол шудам ва қуввати роҳ гаштан надоштам. Фикр мекардам мисли модарам тоқати бардоштани фарзандро накарда мемирам. Сарамро аз болин бардоштан намехостам, аммо хушдоманам “хоб ба зани ҳомила зарар дорад, хез, ҳаракат кун, аз паи кор шав” гӯён, маро дамгирӣ намемонд.

Пас аз нуҳ моҳ ба болои зиндагии вазнинам дугоник таваллуд кардам. Хушдоманам нагузошт ба таваллудхона равам. Аз ҳуш рафтам. Вақте бедор шудам, дидам, ки хушдоманам ҳамроҳи кампири ҳамсоя ду тифлакро лӯлак карда, дар барам хобондаанд, ду писари нозанин.

Хушдоманам як-ду рӯз гардсӯз карда, ба ман доду боз хеста, аз паси кору бор шудам. Як шаб хусурам аз масҷид омада гуфт, ки тайёриатро бин, субҳ мошин меояд, ба хонаатон рафта, як- ду рӯз гашта биё. Аз ин хабари ногаҳонӣ ҳам шод гаштаму ҳам ғамгин, зеро модар надоштам, ки аз рафтани ман хурсанд шавад, акаҳоям ҳам дар хона нубуданд. Хулоса, бо дили нохоҳам либосҳоямро ҷамъ карда, тайёр шудам. Либос намеёфтам ба писарони навзодам пӯшонам. Як келини ҳамсоя дилаш ба ман сӯхту як-ду либоси кӯдакона оварда дод. Субҳи барвақт садои сигнали мошин баланд шуд. Хусурам маро гусел карду ақаллан боз биё нагуфт.

Таҷовузи ронанда ва марги падар

Мо ба роҳ баромадем. Пас аз ду соат дар байни кӯҳҳои сар ба фалак мошин аз кор монд. Ронанда ин сӯву он сӯ тоб хӯрда, дар гирди мошин чарх мезад. Аз гуруснагӣ шир ҳам надоштам. Кӯдакон беист гиря мекарданд. Чашмони ронанда мисли гурги гурусна хун гирифта, сурх шуда буд. Дар дилам тарс пайдо шуда гуфтам:

“Амакҷон тезтар мошинатонро соз кунед, кӯдакон тар кардаанд”. Аммо ин марди ҳайвонсурат шарт гузошт, ки бо ман ҳамхоба мешавӣ ё дар ҳамин биёбон аз мошини мефуроиву хӯроки гургон мешавӣ. Зораю тавалло мекардам, ки “амакҷон ба ман раҳм кунед, охир нав таваллуд кардаам, ҳоло чилаам ҳам набаромадааст. Шумо аз ҳамин деҳа бошед, ҳоли зори маро медонед”.

-Ман ҳеҷ касро намешиносам. Аз деҳаи шумо ҳам нестам. Ба ман гап нишон надеҳ, тирмизак, -гӯён ба зораю таваллоям нигоҳ накарда, вай мисли урги гурусна ваҳшиёна ба ман дарафтод.

Ниҳоят ба мақсади нопокаш расиду боз роҳамонро давом додем. Аз тарс хомӯшу бесадо мегиристам. Аз ӯ хоҳиш кардам, ки маро ба хонаи холаам барад. Ӯ маро ба хонаи холаам бурда расонд.

Аз мошин фаромадаму ба ақиб нигоҳ накарда, ба ҳавлии холаам даромадам. Намедонам хусурам ба он мард роҳкиро дода буд ё не, чизе напурсидам. Ба ҳавлӣ даромада, дар сари холаам рӯймоли сафедро дида, ҳайрон шудам. Холаам гуфт, ки “падаратро гурӯ чуб кардем, нав омадӣ?” Бо шунидани ин хабар пойҳоям беҷон шуда, пеши чашмонам торик шуд ва ба замин афтидам. Садои гиряи тифлаконам маро ба худ овард.

-Ту магар хабар надоштӣ?- пурсид холаам.

-Не, ман аз чизе хабар надоштам.

-Падарат бе касал вафот кард, ӯро гурӯ чӯб карда, баргаштем.

Ҳавлии бе падар

Аз воқеаҳои имрӯзаю аз рӯзгори талхам ба холаам қисса кардаму гиристам. Ба ҳаммом даромада, сару рӯямро шуста, бегоҳ ҳамроҳи холаам ба хонаамон рафтем. Ҳавлии падар холӣ буд, на падар буду на модар, ки моро пешвоз гирад. Танҳо бародари хурдӣ дар тан ҷомаву дар сар тоқӣ рӯи кат менишаст. Ӯ маро дида гирён шуд. Ҳар ду якдигарро ба оғӯш гирифта, барои падару модарамон мегиристем. Шаб дар сари дастархон аз зиндагии талхам ба бародарам нақл кардам. Моиндарам аз тарси он ки ман дигар ба хонаам барнамегардам, ҷанҷол бардошт.

-Ба ин ҳавлӣ ғайр аз ман дигар касе ҳақ надорад. Метавонед баромада равед,-гуфт.

Мо ҳайрон мондем. Ин зани маккор падари содаамро фиреб карда, хонаро ба номи худаш карда будааст.

Субҳ бародарам ба акаи калониам занг зада, ӯро аз асли воқеа хабардор кард. Акаам гуфт, ки хонаву дар сарашро хӯрад.

Ҳамин тавр акаам пулҳои ҷамъкардаашро равон карду мо хонаи дуҳуҷрагӣ харидем. Бародарам дар он ҷо кайҳо зану фарзанд доштааст.

Шукри бародаронам, ки маро танҳо нагузоштанд. Мисли модарам нигоҳубин ва эҳтиром мекарданд.

Солҳо гузашту дигар касе ба суроғи ману тифлаконам наомад. Ҳоло фарзандонам калон шудаанд ва ҳар кадоме соҳиби ҷою манзили ободанд. Аммо он рӯзгори талхеро, ки ба сарам бо амри моиндари беинсоф падарам овард, ҳеҷ фаромӯш карда наметавонам.

Орзу

Сураё Рабиева

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД