Ҳамагӣ чанд рӯз пеш Суннати 5-сола мисли оҳубарраи шӯх ҳамроҳи дигар кӯдакон давутоз карда, ба қавле ҳавлиро ба сараш бардошта мегашт.
Волидони хушбахт аз тамошои шӯхию бозиҳои писарчаи дӯстрӯйяки худ як ҷаҳон лаззат бурда,гоҳе ба нағмаҳои кӯдаконаи Суннатҷонашон бо завқ механдиданду гоҳи дигар барои нозу инҷиқиҳои кӯдаконааш писаракро сарзаниш мекарданд, вале...
Рӯзи чорум аст, ки дигар садои хандаҳои беғаши ин тифлаки ширинрӯй аз ягон гӯшаи ҳавлӣ ба гӯш намерасад.
Рӯзи чорум аст, ки ба ҷойи қиқироси хандаи Суннатҷони дӯстрӯяк садои нолаҳои зори модари фарзандгумкарда ба фалак мепечад...
Рӯзи чорум аст, ки тамоми пайвандон барои Суннати хурдакак хун мегирянд, зеро ин тифли бегуноҳ қурбони як фоҷиа гашта, дар зери чархи мошин ҷони кӯчакашро ба сахтӣ ба ҷонофарин супурд...
Ин ҳодисаи нохуш рӯзи 27-уми август, тахминан соатҳои 11:00 дар шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд-чаноқ дар мавзеи деҳаи Ваҳдати ноҳияи Шаҳристон сар зада, ронандаи автомашинаи тамғаи “Хендай –Аванта”, Раҳимов Даврон Зиёдуллоевич, соли таваллудаш 1992 аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада , пиёдагарди ноболиғ Ҷуразода Суннат Салоҳиддин, соли таваллудаш 2017, сокинии ноҳияи Шаҳристонро пахш кард. Писарчаи 5-сола бар асари ин садамаи тақдирсӯз ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта дар беморхона ҷон дод. Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идом дорад.