Искандар Афлотунов, сокини ҷамоати деҳоти Козилдеҳи ноҳияи Ишкошим, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” дирӯз ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди “Хоруғ-Ишкошим-Тузқул”, дар километри 52-юми ҳудуди мавзеи “Колик” аз уҳдаи идора кардани воситаи нақлиёт набаромада, ба дарё чаппа шудааст.
Дар ин бора Вазорти корҳои дохилии Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, ронанда ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан, дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Садамаи дигари маргбор дар Ваҳдат сар зада, Исоқҷон Шарифов, сокини ҷамоати деҳоти Р.Исмоилови шаҳри Ваҳдат, ҳангоми ҳаракат кардан аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Ваҳдат, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти мазкур бехатарии ҳаракати роҳро риоя накарда, пиёдагард Исоев Диловаршоҳи 73-соларо, ки сокини ҷамоати деҳоти Р.Исмоилов мебошад, пахш намуд. Мӯйсафед ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расид.
Ааз рӯи ҳодисаҳои мазкур таҳқиқот идома дорад.