Sebiston new 2024 october
ФОҶИА ДАР ТӮЙ
11665

Тӯйи домодии Назар наздик мешуду торафт дили падар ноором мегардид. Дилаш сип - сиёҳ шуда, аз пешомади баде огаҳӣ медод.

- Худоё, чаро ман ин қадар парешону нооромам? Фикри бадро аз сарам дур кун, Худоё!

Карим - амак рӯ - рӯйи ҳавлӣ қадам мезаду худ ба худ "ё Аллоҳ писари ягонаи маро ҳифз намо" мегуфт. Ҳамсараш, ки ин кори ӯро дар ҳафтаи охири таёрии тӯй мушоҳида карда буд, сӯяш нимханда карда гуфт:

- Ҳа додои Назар, тинҷӣ, - мӣ? Ин қадар худат ба худат гап мезани?

- Тинҷӣ, шукри Аллох! Тинҷӣ, - ҷавоб дод ӯ ва боз қалбаш ноором гардид.

Сабаби нооромиашро худаш медонисту Худованди болои сар. Карим - амак ҳис карда буд, ки писараш аз хурдӣ майл ба духтаракон дораду ҳамеша бозиро бо онҳо ихтиёр мекунад.

Ҳатто боре ӯ аз тиреза дид, ки писараш либоси духтарона пӯшида, рақс дорад. Он вақт ӯ писарашро ҷеғ зада, гӯшмоли сахт карда буд. Дар мактаб ҳам Назар бо касе аз писарбачаҳо дӯстӣ надошт. Ҳамеша дӯстони ӯ духтаракон буданд.

Агар барои духтари калониаш тӯҳфае биёрад, Назар давида омада, бо ҳавас чизҳои харидаи ӯро тамошо мекарду завқ мебурд. Корҳояш бештар ба духтарбачаҳо монанд буд. Дили падар аз фикри ноҷо дар ин бора якбора ваҳм мекард.

Вақте соли гузашта дар телевизиони Русия барномаи махсусеро дар бораи писари ба духтар мубаддалгаштаи ҳунарманди шинохтаи кишвар Малика Қаландарова дид, даст ба гиребон бурда, "Астағфуруллоҳ" гуфта буд. Писари ин раққосаи машҳур Артур худро духтар эҳсос карда, оқибат ҷинсашро ҷарроҳии пластикӣ карда, ба ҷинсияти зан табдил ёфт.

Вақте дар толори студия Малика зор - зор мегирист, Карим - амак ҳам гирён шуду писари ба духтархо шабоҳатдоштаашро пеши рӯ овард.

- Худоё, Худовандо, писари маро аз чунин шармандагӣ нигоҳ дор.

Вақте барои писараш духтари як хешашонро хостгорӣ карданд, Назар гиря карда, гуфт, ки ҳоло зан гирифтан намехоҳад. Он гоҳ модар зориаш кард, ки ба хотири ӯ ба ин издивоҷ розӣ шавад. Падар баъди фотиҳаи писар дар чеҳраи ӯ дигаргунии ҷиддиро эҳсос кард.

Имрӯз ҳам ӯ ҳис кард, ки писараш мисли девонаҳо мегардад. Ният кард, ки шабона бо ӯ ҳамсӯҳбат шуда, сири дилашро мефаҳмад. Шабона пайти мувофиқ ёфта, бо писараш аз дарди ногуфтаи дилаш пурсон шуд.

- Падарҷонам, чизе аз ман напурс, ки ногуфтанам беҳтар аст, - у рӯяшро гардонида, мисли духтаракон пеш аз тӯй ба гиристан даромад.

Карим - амак сахт ғамгин шуду аз дил гузаронид, ки "аз ин бармеояд писари ман марди ҳақиқӣ нест ва ӯро бояд ба назди ягон домуллои донишманд бубарам".

Домулло Салим баъди дидани Назар гуфт: "ақли писаратон солим аст, - ку?! Шояд ба ӯ ягон ҷини мард ошиқ шудаасту намемонад, ки ӯ худро комилан мард ҳис кунад".

Назарро пеш аз тӯй дуохонӣ карданд. Тӯй бо тамоми ҳашаматаш гузашт. Дили падар ором шуд. Гумон кард, ки Назар сиҳат шуда, акнун ҳамчун мард рафтор мекунад. Вале рӯзи дуюми тӯй ногахҳон садои оҳу фиғони ҳамсарашро шунида, давида ба берун баромад.

Назар худро дар оғили ҳавлӣ овехта буд. Падар давида ӯро аз банд гирифт. Чашмони Назар болову поин мерафтанду ӯ калимаи шаҳодатро такрор ба такрор мегуфт.

- Писарам, ин чӣ кори кардаат буд?

- Падар, маро бубахш!

Ин вопасин сухани Назари ғурамарг буд. Ҳатто пеш аз худкушиаш ӯ хатча навишта, гуфта буд, ки дар марги ӯ касе гунаҳкор нест. Арҳси нав гирякунон гуфт, ки шаби аввал домод ба ӯ тамоман наздик нашуда, ҷудо ҷогаҳ партофтааст ва гуфтааст, ки «Шабнам, ман мард нестам. Ман аз хурдиам худро зан эҳсос мекунам. Ба хотири модарам тӯй кардам, то онҳо як умр дар ҳасрати чодару чамани писари ягона намиранд. Ту маро бубахш».

Арӯс гумон кардааст, ки шояд домод шароб нӯшида, маст аст ва дар ин хусус ба хусуру хушдоманаш чизе нагуфтааст. Карим - амак бо сад алам ҷасади писари ғуррамаргашро ба хок супориду баъди як ҳафта ба хонаи қудояш рафта, асли ҳодисаро нақл кард. Арӯс бо дили шикаста ба хонаашон баргашт.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД