Аз зарби раъду барқ дар деҳаи Тагиҷари ҷамоати деҳоти Ҷонбахти ноҳияи Ховалинг як нафар дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Тавре иттиллоъ дода мешавад, марҳум ҷавони 17-сола буда, дар вақти боронҳои шадиду раъду барқ дар чарогоҳи кӯҳи машғули чарондани чорво будааст.
Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сомонаи худ хабар дода, ҳушдор медиҳад, ки дар шароити ҳавои номусоид ва боридани борони селу раъду барқ сокинони кишвар аз рафтан ба соҳиби рӯдхонаву дарёҳо, кӯҳу дара ва дигар мавзеъҳои хавфнок худдорӣ намоянд ва қоидаҳои бехатариро риоя кунанд.