arzon november
ФИШОРБАЛАНДӢ ДОРӢ, АНАНАС ХӮР!
873

 

Ҳангоми харидани ананас ба бӯйи он диққат диҳед, бӯяш бояд андаке ширин бошад. Бӯйи сахт аз он далолат медиҳад, ки мева қариб вайрон шудааст. Пӯсти ананас бояд ғафс бошад.

Ананас ниҳоят калорияи кам дорад. Дар 100 грамм ананас ҳамагӣ 46 килокалория мавҷуд аст. Ин яке аз сабабҳое мебошад, ки аксарият бо хӯрдани ананас парҳез мекунанд.

Эҳтиёт шудан лозим аст: аз меъёр зиёд хӯрдани ананас боиси осебёбии пардаи луобии даҳон мегардад.

Аксарият хабар доштагистанд, ки ананас равғани ҷисмро нобуд месозад, аз ин рӯ, ин меваи лазиз воситаи оддитарину самарабахшест барои харобшавӣ.

Агар баъди хӯроки нисфирӯзӣ ё хӯроки шом, дар меъда вазнинӣ эҳсос намоед, ба ҷои дору як пора ананас хӯред. Ананас эҳсоси гуруснагиро барҳам медиҳаду оби зиёдатиро аз ҷисм берун месозад.

Ананас аз витаминҳои А,В,С,РР, калий, калсий, магний, фосфор, натрий бой буда, онро ба ҷои доруи аспирин хӯрдан мумкин аст. Ба таркиби он ҷавҳари лимӯ, аскорбин ва витамини С дохил мешаванд. Ин ҷо бояд боз эҳтиёткориро риоя намуд: ҷавҳарҳои номбурда ба сири дандон таъсири бад мерасонанд, аз ин лиҳоз, баъди хӯрдани ананас даҳонро бо об чайқонидан зарур аст.

Ананас барои беморони гипертония давои хуб аст, он фишорро паст мекунаду равғанҳои дар девораи рагҳои хунгард ҷамъшударо рафъ месозад. Хусусияти муфиди ананас боз дар он аст, ки омосҳои саратониро пешгирӣ менамояд, чунки радикалҳои озодро мепайвандад. Ананас 65% хатари инкишофи варамро паст месозаду решадавонии саратонро пешгирӣ менамояд. Боз ин меваи субтропикӣ хунро тунуку равон, баъзе бемориҳои дилу рагҳои хунгард, сактаи дил, сактаи майна, атеросклероз, суддабандии буғумҳоро пешгирӣ менамояд. Бо шарофати витаминҳояш ананас масуниятро баланду ҷисмро ба инфексияҳо тобовар месозад.

Умуман, ананас аз ҷумлаи меваҳоест, ки ҳам муфиду ҳам бомазаанд. Онро барои қавӣ гардонидани хотира тавсия медиҳанд. Ананас –меваи хуштамъ ва камкалория мебошад, вале зиёд онро истеъмол кардан лозим нест, зеро дар ғизо гуногунрангӣ бояд бошад.

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
1xbet footer