Formula novemver 2024
Фирӯзро барои дашном додан суд карданд?
1078


“Аз дилозор Худо ҳам безор” гуфтани халқ беҳуда нест, шахсе, ки бо суханони пасту баланд дили мардумро озор дода, мисли каждум баҳудаву беҳуда атрофиёнашро неш мезанад, як рӯз не, як рӯз заҳри талхи аъмоли худро хоҳад чашид.

Тақдири як сокини шаҳри Душанбе, ки барои дашному таҳқири дигарон ба ҷавобгарӣ кашида шудааст, далели равшани ин гуфтаҳост.
Сокини шаҳри Душанбе Фирӯз Давлатов барои майдаавбошӣ бо ҳукми суд ба ҷавобгарӣ кашида шуда, нисбаташ чора дар намуди 10 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ татбиқ карда шуд. Дар ин бора Раёсати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе хабар додааст.

Тавре ки манбаъ мегӯяд, Давлатов дар вақти дар назди маркази савдои «Ёвар» қарор доштанаш тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон карда, шахсеро дашномҳои қабеҳ дода, бар замми ин, лату кӯб кардааст.
“Ҳангоми гузаронидани санҷиш, пурсидани шоҳидон ва санҷиши навори ҷои ҳодиса кирдори майдаавбошонаи Фирӯз Давлатов ба пуррагӣ пайдо намуд”-менависад манбаъ.

Вобаста ба ҳолати мазкур Давлатов. Ф тибқи талаботи моддаи 460 (майдаавбошӣ)- Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, дар асоси қарори Суд нисбаташ ҳабси маъмурӣ ба мӯҳлати 10-шабонарӯз татбиқ карда шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД