Оё ҷоиз аст, ки зан акси худро тавассути интернет ба марди хостгоре, ки дар ҷои дур зиндагӣ мекунад, бифиристад, то сурати ӯро бубинад ва қарор кунад, ки бо ӯ издивоҷ мекунад ё не?
САЙҲУНА, ш. Хуҷанд
Посухи Ҷамолиддин Хомӯшӣ:
- Агар акс урён набошад, ишколе нест. Вале дар умум ин кор ҷоиз нест. Зеро акс пурра воқеиятро намоиш намедиҳад, бисёр вақт инсон аксеро мебинад, вале ҳангоме ки худи он шахсро мебинад, мефаҳмад, ки тамоман дигар аст. Дигар ин, ки бисёр ҳолатҳо шудааст, ки акс дар назди хостгор боқӣ бимонад, вале вақте ҳарф байни онҳо намепазад, одамоне ҳастанд, ки аксро бо барномаҳо дасткорӣ карда, ба шаъни духтар метавонанд иснод оваранд.
Аз ин лиҳоз, мо ба шумо тавсия намедиҳем, ки акси худ ё нафаре, ки шавҳар мекунад, ба хостгорон фиристед.