Arzon march 2024
Фирдавсӣ ва Рустаму Суҳроб зинда мешаванд
361

Дар шаҳри бостонии Панҷакент боғи фарҳангию фароғатӣ бо муҷассамаи Абулқосим Фирдавсӣ ва қаҳрамонони достонҳои безаволи “Шоҳнома” бунёд меёбад. Боғ дар масоҳати 7600 метри мураббаъ бунёд гашта, тарҳи он ба асбоби мусиқии тор шабоҳат дорад.

Ба иттилои МИҲД-и шаҳри Панҷакент, дарвозаи боғи Фирдавсӣ бо шукӯҳу шаҳомати хоса ва услуби меъмории миллӣ сохта шуда, бо сутунпояҳои бузурги мармарин ва муҷассамаи қаҳрамонони достони безаволи «Шоҳнома» бунёд мешавад. Дар пешгоҳи майдони асосии боғ муҷассамаи Абулқосим Фирдавсӣ бо зерпояаш дар баландии 11,7 метр қомат афрохта, дар пасманзар ва паҳлуҳои он деворнигораҳои достонҳои безаволи «Шоҳнома», аз ҷумла разми Рустам бо Суҳроб сохта мешавад. Дар қисмати дигари боғ гузоштани муҷассамаи ду аспи саманд - монанди Рахши Рустам пешбинӣ шудааст.

Дар боғи Фирдавсӣ гулу дарахтони ҳамешасабз шинонда шуда, фаввораю чороғпояҳо ва роҳраву нишастгоҳҳо бо усули муосир бунёд карда мешаванд. Қарор аст, ки ин макон ба яке аз зеботарин мавзеъҳои шаҳр табдил ёбад.

Боғи фарҳангию фароғатии Абулқосим Фирдавсии Тӯсӣ бо ҷонибдорӣ аз иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои нашр ва ба ҳар хонадони тоҷик дастрас намудани «Шоҳнома»-и безавол, арҷгузорӣ ба бузургони миллат ва ба шарафи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд хоҳад гашт.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД