arzon replenishment
ФИҒОНИ ДИЛИ ЗАНИ БЕЗУРРИЁТ (ҚИСМИ 2)
24.12.2020
ОИЛА
5493

Розӣ будам, ки Мурод зани дуввум гирифта бачадор шавад, аммо шавҳарам «фарзанди аз зани дигар ба дунё меомада ба ман лозим нест» гӯён, тақозо менамуд, ки умедамро аз зиндагӣ наканда аз худованд фарзанди солим талабам.

Девонаи ғами фарзанд

Хулоса, 16 бор њомиладор шуда бошам ҳам, ягон фарзандамро ба даст гирифта натавонистам. Тифлаконам ё дар батнам мемурданд ё баъди ду-се соати ба дунё омаданашон мефавтиданд. Духтурҳо гуфтанд, ки беҳтараш дигар ҳомиладор нашавам, чунки бо сабаби хешу табор буданамон, аз ману шавҳарам фарзанди солим ба дунё намеояд. Акнун хешу ақрабо «бачамур» гӯён, аз ман ҳазар мекарданд. Модарам маро насиҳаткунон мегуфтанд: «Ин қадар гиряву нола карда дилу ҷигаратро обу адо накун, духтарам. Худоро шукр гӯй, ки ту дар он дунё 16 фаришта дорӣ. Фардои қиёмат тифлакони ҷавонмаргат дарвозаҳои дӯзахро мебанданд, то модарашон ба биҳишт афтад…» Модарам мегуфтанду мегуфтанд, вале ин панду насиҳатҳо ба дарди бедавои ман даво шуда наметавонистанд. Мани танҳою зор дар он дунё не, дар ин дунё ақаллан як фариштача доштан мехостам. Ғами фарзандони ҷавонмаргу таънаю пичинги хола-хушдоманам оқибат маро одамгурезу дамдузд карданд. Дигар майли бо касе ҳарф задан надоштам. Девонаавзоъ шуда, рӯзи дароз худ ба худ ғур-ғуркунон кору бори хонаро мекардам, шабҳо бошад, дар кунҷаке нишаста барои бебачагиам зор-зор мегиристам. Аҳволи парешони маро дида, Мурод ба таҳлука афтида буд ва мисли соя мудом аз пасам мегашт. Метарсид, ки ягон рӯз худро оташ мезанам ё ба дор меовезам.

Ҳамин тавр номам «Санам-девона» шуда монд. Падару модараш шавҳарамро балво медоданд, ки «Санам-девона»-ро партофта, зани ҷавон бигирад, вале Мурод дар чунин ҳол танҳою зор гузоштани мани бадбахтро камоли номардӣ ҳисобида аз пайи табобатам шудааст. Мани бетолеъ ин ҳама ҳангомаҳоро баъди шифо ёфтанам аз забони модарам фаҳмидам, вагарна он шабу рӯзҳо аз ғами фарзанд чунон девонаи дунёбехабар гашта будам, ки намедонистам дар атрофам чӣ ҳодисаҳо рӯй дода истодаанд.

Ҷинбарор ва маслиҳати домулло

Касе аз ҳамсояҳо ба шавҳарам маслиҳат додаст, ки ягон домуллои зӯрро ёфта маро ҷинбарор ё парихонӣ кунанд, шояд пас аз ин ақлам дубора ба ҷояш ояд. Мурод чандин муллоҳои номиро оварда маро мехононад, вале ҳолам рӯ ба беҳбудӣ намениҳад. Ниҳоят аз як ноҳияи дурдаст домуллои пиру дунёдидаеро ёфта меоранд. Баробари маро дидан домулло мепурсад, ки ин зан чанд фарзанд дорад. Хушдоманам бачамӯр будани маро нақл мекунад. «Ин ҷавонзан на ҷин дорад, на аҷина, ғам ӯро девона кардааст. Ман албатта дуохонӣ мекунам, вале дониста бошед, ки то фарзанддор нашавад, вай пурра ба худ намеояд. Беҳтараш ягон ятимакро ба фарзандӣ бигиред. Танҳо меҳри модарона ба тифлаки деринтизораш зани туро дубора ба зиндагӣ дилгарм карда метавонад, дар акси ҳол ба зинда монданаш умед набанд»,- мегӯяд домулло ба шавҳарам ва се шабу се рӯз маро дуохонӣ карда ба хонааш бар мегардад.

Тифли деринтизор

Пас аз дуохонӣ аҳволи ман рӯ ба беҳбудӣ овард ва Мурод бо маслиҳати домулло амал карда аз пайи ҷустуҷӯйи кӯдаки ятим шуд. Бо талошҳои зиёд як писарчаи серӯзаро, ки модараш баъди таваллуд аз баҳраш гузашта будааст, фарзандхонд карда гирифтем. Шавҳарам ба шарафи фарзанддор шуданамон маъракаи калон ороста, тифлакро Маҳмудҷон ном ниҳод. Дар ҳақиқат меҳри ин кӯдаки зебою маъсум мани беморро дар як муддати кӯтоҳ шифои комил бахшида дубора ба зиндагӣ дилгарм сохт, вале…

Рашки бемаънӣ

Солҳо турнасон гузаштанду Маҳмудҷони зархариди мо 13- сола шуд. Мани ташнаи фарзанд дар тӯли ин солҳо ба ӯ чунон меҳр бастам, ки фарзанди бегона буданашро батамом аз ёд бурдам. Маҳмудҷонамро чунон дӯст медорам, ки дигар дар дунё бароям ягон чизи аз вай қимат вуҷуд надорад. Маҳмудҷон мисли ҳавоест, ки аз он нафас мегирам. Рӯзе писаракамро дар болои кат дар наздам хобонда сарашро сила карда истода будам, ки шавҳарам аз дар даромад. Маҳмудҷонро дар канори ман дида Мурод бо чашмони аз ғазаб оташгирифта ба рӯйи писаракам як шаппотӣ зада ӯро аз дар берун кард, пасон теғ кашида ба ман нигаристу бо тамоми овоз дод зад:

-Шарм намедорӣ, охир ин бача бачаи худат нест! Чаро ӯро ба бистарат дароварда сарашро сила мекунӣ? Вай ба ту никоҳрас аст…

Гӯшҳоям бо шунидани ин сухан қулф заданд, дигар шавҳарам чӣ гуфт, намедонам, чунки ин ҳарфҳои ӯ маро бе корд, зинда ба зинда куштанд. Наход фарзанде, ки аз серӯзагиаш ҳамчун як пораи дили худ бо меҳру муҳаббати бепоёну хуни ҷигар парвардаам ба ман никоҳрас бошад?!

Дуроҳаи зиндагӣ

Шавҳари ҷоҳилам дар назди ман шарт гузоштааст, ки аз ду якеро интихоб намоям: вай ё писарам. Шарм надошта мегӯяд, ки дар сурати Маҳмудҷонро бурда ба ятимхона насупориданам талоқи маро дода, зани дигар мегирад. Дар байни дуроҳаи зиндагӣ монда чӣ кор карданамро намедонам. Зиндагӣ бе писаракам барои ман аз марг ҳам душвортар аст, вале шавҳарам инро фаҳмидан намехоҳад. Намедонам чаро писархолаам маро ин қадар ранҷу азоб медиҳад. Зани дигар гирифтанӣ ки буд, чаро ҳамон замони бачамӯр ва девона шуданам нагирифт, ки аламам камтар бошад? Чаро имрӯз бе ягон асос ӯ маро ба писарчае, ки худаш ёфта оварда буд, рашк мекунад, намедонам. Хонандагони азиз! Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам?

Санам, ш.Душанбе

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД