Бозӣ барои ба даст овардани Ҷоми Тоҷикистон дар мавсими 2024 миёни “Регар-ТадАЗ” ва “Хуҷанд” рӯзи 20-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшан баргузор мегардад.
Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, оғози рақобат соати 14:30 аст. Охирин маротиба “Регар-ТадАЗ” соли 2019 ва "Хуҷанд" соли 2021 дар финали Ҷоми Тоҷикистон бозӣ карда буданд.
Таърихан танҳо як маротиба қаблан “Регар-ТадАЗ” ва “Хуҷанд” дар финали Ҷоми Тоҷикистон вохӯрдаанд. Дар мавсими 2001/2002 дастаи шаҳри Турсунзода бо ҳисоби 3:1 пирӯзӣ ба даст овард.
Ёдовар мешавем, ки бозиҳои ҷавобии даври нимниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2024 рӯзи 10-уми октябр баргузор шуда буданд. Дар варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»-и Турсунзода «Регар-ТадАЗ» қаҳрамони феълии мусобиқот тими «Истиқлол»-и Душанберо қабул кард. Бозии дастаҳо бо ҳисоби 0 бар 1 ба фоидаи “Истиқлол” анҷом ёфт. Аз ҳисоби бозии рафту баргашт натиҷаи бозӣ 2 бар 1 ба фоидаи тими шаҳри Турсунзода шуд.
Ба ҳамин тартиб, Черевченко ба "Истиқлол" кумак карда натавонист, то ба финали Ҷоми Тоҷикистон роҳ ёбад. "Регар-ТадАЗ" пас аз 5 сол боз ба финали Ҷоми Тоҷикистон баромад.
Дар бозии дигари нимниҳоӣ дар варзишгоҳи «Кӯлоб-Арена» дастаҳои «Равшан» ва «Хуҷанд» ба ҳам омаданд. Рақобати аввал дар Хуҷанд мусовӣ - 1 бар 1 хотима ёфта буд. Дар бозии ҷавобӣ “Уқобон”-и шаҳри Хуҷанд бо голи ягонаи Деян Тумбас ба финали Ҷоми Тоҷикистон роҳ ёфтанд.