formula feb 2025
Филми Ҷомӣ ва Навоӣ дар Суғд ва Эрон ба навор гирифта мешавад
209

Филми ҳунарии “Дурахши ахтарон” дар боби дӯстии ситораҳои дурахшони адабиёти тоҷик ва ӯзбек Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ соли 2025 ба пуррагӣ наворбардорӣ шуда, тибқи нақша соли 2026 бояд ба экран барояд.

Дар ин бора Маҳмадсаид Шоҳиён, директори киностудияи “Тоҷикфилм” зимни нишасти матбуотӣ хабар дода, гуфт: “Қисмати асосии ин филм, аз ҷумла хонаи Ҷомӣ дар Қалъаи Суғд ба навор гирифта мешавад. Ман алакай бо раиси вилояти Суғд дар ин бора суҳбат доштам. Барои ба замони зиндагии Абдураҳмони Ҷомӣ мувофиқ сохтани ин макон декоратсияҳои иловагӣ сохтанамон лозим меояд. Ҷашни Наврӯзи замони Ҷомӣ ва Навоиро дар Қалъаи Ҳисор ба навор мегирем...”.

Дар идома Шоҳиён афзуд, ки бархе аз қисматҳои филми мазкур дар Шероз, Исфаҳон ва шаҳрҳои дигари таърихии Эрон ба навор гирифта мешаванд.

Директори киностудияи “Тоҷикфилм” қайд кард, ки айни замон қариб 70%-и корҳои омодагӣ ба ҷараёни наворбардорӣ поён ёфтааст. Наворбардории филм баъди Иди Наврӯз оғоз хоҳад гашт.

Ёдрас мешавем, ки соли 2022 киностудияи “Тоҷикфилм” бо Агентии киномотографияи Ӯзбекистон барои ба навор гирифтани филм дар боби дӯстии Ҷомӣ ва Навоӣ шартнома баста буд ва тибқи қарордод хароҷоти филми мазкур 50% аз ҳисоби Тоҷикистон ва 50% аз ҳисоби Ӯзбекистон пардохт мешавад. Роҳбари бадеии филм коргардони маъруфи фаронсавӣ Люк Бессон мебошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД