Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Марям Турсунова 14-уми январи соли равон 75-сола шуд. Ин зани меҳнатқаринро метавон фидоии ҳунар гуфт, зеро беш аз 50 сол аст, ки дар саҳнаи Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ - маъруфтарин театри кишвар кору фаъолият мекунад.
Ӯ ба ин даргоҳ, вақте ҳанӯз дар донишкада таҳсил мекард, ба кор омад. Он рӯзгорро чунин ёд мекунад: “Вақте дар курси 5-уми Донишкадаи санъат таҳсил мекардам, ки Ҳошим Гадоев “Интихоби домод”-ро ба саҳна гузошт ва барои иҷрои яке аз нақшҳои марказӣ – Каҷакхон маро ба театр даъват кард. Рӯзҳои аввали тамрин дар саҳна аз тарс меларзидам, қариб буд беҳуш мешудам, зеро бо устодони ҳунар дар саҳна будам. Ҳамбозиҳои ман Бурҳон Раҷабов ва Шаҳодат Сиддиқова барин ҳунармандони бузург буданд. Ин саодат ба ҳар ҳунарпешаи ҷавон муяссар намешавад, ки аз курсии донишҷӯйӣ ба саҳнаи театри академӣ роҳ ёбад ва дар нақши марказӣ бозӣ кунад. “Интихоби домод” хеле машҳур шуд. Тамошобини зиёд дошт. Онро беш аз 2000 маротиба бозӣ кардем. Ҳамин тавр, роҳи ман ба санъат боз шуд ва тайи ин солҳо дар намоишҳои зиёде нақш бозидам”.
Ҳамин тавр, Марям Турсунова наздик ба 100 нақш дар саҳнаи театр бозӣ кард, аз ҷумла дар намоишҳои «Ҷон додаракон», «Исёни арӯсон», «Имтиҳон», «Кӯзаи гӯё», «Ҷияни хира», «Баҳроми Чӯбина», «Зебуниссо», «Интихоби домод» ва ғайра.
Ҳамкасбонаш тавсиф мекунанд, ки Марям Турсунова аз ягон нақш даст намекашад, ҳатто дар ҳамин синну сол дар намоишҳои бачагона ҳунарнамоӣ мекунад. Дар ин маврид худи ҳунарпеша мегӯяд: “Устодони мо мегуфтанд, ки нақш хурду бузург намешавад. Дар ҳақиқат, чунин аст. Ман дар ҳамин синну сол бо вуҷуди доштани унвони баланди ҳунарӣ агар режиссёр талаб кунад, дар нақшҳои умумӣ ҳам ба саҳна мебароям. Ин касби ман аст. Нақши марказӣ ё дувумдараҷа муҳим нест. Муҳим, ки одам корашро аз сидқ иҷро кунад. Вақте ҳунармандон калонсолтар мешаванд, аз спектаклҳои кӯдакона даст мекашанд, ман бошам, то ҳол нақш мебозам. Намоиши бачагона ба ман рӯҳу илҳом мебахшад. Маро ҷавон ва пурэнержӣ нигоҳ медорад. Дигар ин ки ман дар театр “Скорий помош” – Ёрии таъҷилӣ ҳастам. Як актриса касал мешавад, дигаре ба сафари ҳунарӣ мебарояд, якеро кораш мебарояд, ман ба ҷойи вай ба саҳна мебароям...”.
Марям Турсунова дар театр нақшҳои зиёд бозӣ карда бошад ҳам, дар синамо камтар ҳунарнамоӣ кардааст. Мегӯяд, монеъаи шавҳар, кори зиёд дар театр ва ба воя расонидани 5 фарзанд монеъ шуданд, ки ӯ дар синамо зиёд нақш офарад. Вале солҳои охир тамошобинон ӯро дар филмҳо бисёр мебинанд.
Марям Турсунова дар баробари ҳунарпешаи фидоӣ буданаш модари фидоӣ ҳам ҳаст. Ӯ 5 фарзандро танҳоӣ ба воя расонид.
“Дар солҳои 90-ум шавҳарам моро тарк кард. Солҳои душвори ҷанги шаҳрвандӣ. Фарзандонамро танҳо, бе кӯмаки шавҳар калон кардам, соҳиби хонаву дар намудам. Шукр, ки онҳо одамони нағз шуданд...”,- мегӯяд ӯ.
Марям Турсунова барои таъмини зиндагӣ дар чанд ҷо фаъолият мекард ва як муддат омӯзгорӣ ҳам кард. Аввал, охири солҳои 90-ум ва аввали 2000-ум дар Шаҳринав мактаби рақс кушод. Мегӯяд маош намегирифт, вале бар ивазаш хӯрока медоданд. Аввали солҳои 2000-ум бошад, ба мактаби №54 ба кор гузашт. Чанд сол дар ин мактаб муаллимаи суруд буд. Чунин зани фидоӣ аст Марям Турсунова.
Мо ба ин ҳунарпешаи маъруф ва бонуи оқилу фидоӣ умри дароз, тани сиҳат ва саодати рӯзгорро орзу мекунем. Бигзор солиёни зиёд дар саҳнаи ҳунар рӯ ба рӯ бо мухлисонаш бошад.
ОДИЛ