Федератсияи футболи Тоҷикистон ба мухлисон барои дастгирии тими миллии Тоҷикистон дар бозиҳо муқобили мунтахабҳои Беларус ва Тимори Шарқӣ изҳори сипос кард.
Дар ин бора ТВ “Варзиш” иттилоъ дода, афзудааст, ки агар бозии дӯстона бо мунтахаби Беларус 6300 тамошобинро ба варзишгоҳ ҷалб карда бошад, пас дар рақобат муқобили тими миллии Тимори Шарқӣ дар доираи марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 8520 мухлис ҳузур доштаанд.
- Ташаккур ба ҳамаи мухлисоне, ки дар ин ду вохӯрӣ ба варзишгоҳ омада, дастаро дастгирӣ карданд. Мо ба роҳбарони гурӯҳи мухлисони дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон Шуҳрат Шонов ва Муҳриддин Раҷабов ва гурӯҳи мухлисони дастаҳои «Равшан» ва «Истаравшан», ки тамошобинонро дар нишастгоҳҳои шарқии Варзишгоҳи марказии Душанбе ба фаъолӣ даъват намуданд, самимона изҳори сипос мекунем,- омадааст дар изҳори миннатдорӣ.
Ёдовар мешавем, ки дар доираи бозиҳои даври аввали марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 тими миллии Тоҷикистон дар Душанбе Тимори Шарқиро бо ҳисоби 1 бар 0 мағлуб кард. Голи ягона ва ғалабаовари тими миллии Тоҷикистонро Ваҳдат Ҳанонов дар дақиқаи 3-юм ба самар расонид. Зоир Ҷӯрабоев муаллифи паси головар шуд.
Дар даври баъдӣ мунтахаби Тоҷикистон дар меҳмонӣ бо тими миллии Филиппин бозӣ мекунад. Ин дидор рӯзи 10-уми июн баргузор мешавад.
Қобили зикр аст, ки дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи «А» мунтахабҳои Тоҷикистон, Тимори Шарқӣ, Малдив ва Филиппин шомил мебошанд.