Дар ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ бо мақсади рушди ҳунарҳои мардумӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи сайёҳони дохилию хориҷӣ ба дастранҷи ҳунармандони халқии Тоҷикистон даври аввали фестивал-озмуни «Беҳтарин армуғон» доир гардид.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ хабар доданд, дар фестивал-озмуни “Беҳтарин армуғон” ҳунармандон аз рӯйи номинатсияҳои «Армуғони этнографӣ», «Армуғони сайёҳӣ», «Армуғони дӯзандагӣ ва бофандагӣ», «Армуғони бозича» ва «Армуғони минтақавӣ» намунаҳои беҳтарини ҳунари дастии худро ба ҳакамон пешниҳод намуданд.
Ғолибон бо диплому туҳфаҳо қадрдонӣ гардида, ба даври ноҳиявии фестивал-озмуни “Беҳтарин армуғон” роҳхат гирифтанд.
Ҳадафи баргузории фестивали мазкур эҳёи анъанаҳои миллӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, махсусан армуғонсозӣ, дастгирии ҳунармандони халқӣ ва нигоҳдории мероси фарҳангию тарбияи ҳисси зебоипарастӣ дар байни ҷавонон мебошад.