Имоми Табрезӣ фармудааст:
Рамазон рафту надонам, ки зи мо хушнуд ё на,
Андешаи он завқи дили мо бирабуд.
Аввали моҳ, агар ин аст, ки мо мебинем,
Наравад моҳи муборак зи бари мо хушнуд.
Мо дар арафаи иди Фитр қарор дорем. Вожаи фитр аз решаи фатара гирифта шудааст. Фатр дар луғат ба маънои шикоф, таркиш ва ғайраҳо омадааст. Ин калима дар ояи 3-юми сураи Нур, ки машҳур бо номи Таборак аст ва дар ояи 1-уми сураи Инфитор омадааст. Дар истилоҳи шариат фитр ба маънои хотима додан ба рӯза аст.
Чаро иди Фитр мегӯянд?
Мусалмонҳо дар тамоми дунё ду идро ҷашн мегиранд: иди Фитр ва иди Қурбон. Ҳар яке аз ин идҳо ҷойгоҳ ва хосияти хосаи худро доранд. Таърихи аввали моҳи Шаволро иди Фитр меноманд. Фарорасии иди Фитр аз он гувоҳӣ медиҳад, ки моҳи рамазон ба охир расид ва даҳони муслимин барои баҳрамандӣ аз неъматҳои лазизи худовандӣ аз нав кушода мешавад. Мо, мусалмонҳо бояд дар ин рӯз ду ракат намози шукрона гузорем. Дар фарҳанги исломӣ баргузории намози ид аҳмияти тарбиявӣ дорад. Расули акрам (с) барои баргузории намози ид ҳамеша фазои кушод ва макони васеъро (ғайр аз масҷид дар дохил ё ягон гӯшаи зебои шаҳр) интихоб намуда, тамоми мардум, хурду бузург, пиру барно ва марду занонро ба тамошо даъват мекарданд. Мавзееро, ки намози ид дар он ҷо барпо мешуд, намозгоҳ мегуфтанд.
Намозгоҳ бояд чӣ гуна бошад?
Паёмбари ислом, ҳазрати Муҳаммад (с) бештар намози идро дар макони кушодае, ки дар назди гӯристони Батеъ воқеъ буд, мегузаронданд ва гоҳи дигар ҳавлии Касир ибни Салтро, ки дар яке аз гӯшаҳои зебои Мадина воқеъ гашта буд, намозгоҳ интихоб мекарданд. Дар ривояти Ибни Аббос (р.т) дар саҳеҳи Бухорӣ омадааст, ки Паёмбар (с) ба назди нишонае, ки дар назди ҳавлии Касир ибни Салт буд, омад ва намози идро дар он ҷо барпо намуд. Танҳо дар мавриди пайдо шудани ягон узр намози идро дар дохили масҷид мегузоштанд. Фуқаҳои Киром аз ривоятҳо ва осоре, ки дар бораи ид то ба мо расидааст, ба натиҷаи фиқҳӣ расиданд ва фармуданд, ки агар берун аз шаҳр ё дар як гӯшаи шаҳр гузоштани намоз мушкилотеро аз қабили танбашавии мошинҳо ва дигар ҳолатҳо эҷод кунад, намози идро дар дохили масҷид гузоранд.
Суннатҳои идона
Иди Фитр дорои суннатҳои хоси худ буда, он дастури хубест барои муъминон, ки чи корҳоро бояд дар рӯзи ид анҷом диҳанд. Ғусл кардан суннати аввалиндараҷаи ислом маҳсуб меёбад, чунки табиати инсонҳо гуногун буда, барои тоза нигоҳ доштани сару бадан ва нороҳат нанамудани дигарон амали хуб аст.
Дуюм суннати ид мисвок намудан, яъне тоза кардани даҳону дандонҳои хеш аст.
Суннати сеюми иди фитр ба бар намудани беҳтарин либос аст.
Ба намозгоҳи ид зуд рафтан ва пеш аз намози идро гузоштан бо чизе даҳони худро ширин кардан низ аз ҷумлаи суннатҳоест, ки мо, мусалмонон бояд риоя намоем. Дар ин маврид ривояте аз Анас ибни Молик (р.т. ҳ) ҳаст, ки Пайғамбар (с) дар рӯзи ид то чанд дона хурмо намехӯрд, ба намоз намебаромад. Ин ҳарф дар ҳадиси Бухорӣ зикр шудааст.
Намози ид ба кӣ воҷиб аст?
Аз дидгоҳи мазҳаби имом Абу Ҳанифа (р.ҳ) намози ид бар афроде воҷиб аст, ки бар онҳо намози ҷумъа воҷиб бошад. Пас намози идайн бар марди солим, муқим, бино ва дар ҳоли амният воҷиб аст. Намози идайн бар зан, мусофир, бемор, нобино воҷиб нест. Шахсе, ки пиёда ба намозгоҳи ид рафта наметавонад, намоз барояш воҷиб нест. Касоне, ки намози идайн бар онҳо воҷиб нест, вале бо ҳамроҳии одамон намозро мегузоранд, намозашон ҷоиз мешавад ва аз самари савоб бенасиб намемонанд.
Садақаи фитрро кай медиҳанд?
Ривояте аз ибни Абос (р.ҳ) мавҷуд аст, ки Расули Худо (с) фармуданд: Закот ва садақаи фитрро барои покии шахси рӯзадор аз беҳудагӣ ва дигар ҳарзакориҳо барои ризои бенавоён фарз гардонидааст. Касе онро пеш аз намози ид адо намояд, он закот пазируфта мешавад ва касе онро баъд аз намоз адо намояд, он садақият аз садақот мебошад. Шариат таъкид мекунад, ки бояд инсонҳо пеш аз ба намози ид рафтан садақоти фитрро пардохт намояд, то дигар ҳамҷинсҳои онҳо ҳам намози идро бо чеҳраи кушод, хотири ҷамъ ва дастархони идона пешвоз гирифта, бенавою бекас ва нодор будани худро эҳсос накунад.
“Идгардакӣ” диҳем ё не?
Идона додану хона ба хона гаштан, яке аз урфҳои мардуми мо ба шумор меравад. Ин урф яке аз усули мазҳаби Абу Ҳанифа (р.ҳ) мебошад. Лозим ба ёдоварист, ки ин чизҳо дар дигар мазҳабҳо дида намешавад, вале чунин урфу одатҳо дар байни мардуми Осиёи Миёна аз қадимулайём роиҷ буд. Кӯдаконро аз замонҳои қадим бо додани тухмҳои ранга хушнуд мегардониданд. Дар шароити феълӣ метавон ба духтарчаҳо ангуштариҳои хурдакак ва ба писарон мошинча ё ягон бозичаи дигар туҳфа намуд. Маводҳои хӯрока додан низ савоб аст. Урфи дигари мардуми мо дар рӯзи ид ба оромгоҳи гузаштагон рафта, дар ҳаққи руҳу арвоҳ дуо кардану фотиҳа хондан аст. Ин ҳам яке аз корҳои хайр маҳсуб меёбад. Сӯзании самарқандӣ дар ин бора фармудааст:
Пазируфта бод рӯзаву фархунда иди ту,
Аз рӯза масубату аз ид шодмон!
Ҷамолиддин Хомӯшӣ, устоди ДИТ.