arzon replenishment
Файзобод: Марги 4 аъзои оила дар садама
6619

Шаби 21 уми май як донишҷӯйи фаъоли Консерваторияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов дар паи як садама ба ҳалокат расид. 

Хабарнигори сомонаи Оила, Рустам Азимӣ барои огоҳ шудан аз асли қазия ба наздикони марҳум тамос гирифт. Ҷумъахон Қаландарзода Донишҷӯи соли аввали Консерватория, ҳамроҳи падар, модар, бародар ва як ҷияни хурдсолаш дар деҳаи Лолагии ноҳияи Файзобод, ки бо мақсади аёдати хешу наздикон ба шаҳри Ваҳдат сафар доштанд, дучори садамаи маргбор гаштанд. Аз як хонавода дар ин садама танҳо падари хонадон Қаландар зинда монда, дар беморхонаи Файзобод дар ҳолати вазнин қарор дорад. Аз Ҷумъахон Қаландарзода устодону ҳамсабақонаш бачаи хушахлоқ ва навозандаи соҳибситеъдод ёд мекунанд ва мегӯянд, ӯ ҷавоне буд, ки вақти қимматашро сарфи эҷоди суруд ва навозандагӣ мекард. Барои расидан ба нақшаҳояш дар роҳи эҷодкорӣ талоши зиёд дошт, аммо тақдири номурод орзуҳояшро ба хоки тира яксон кард.

Ҷанозаи 3 узви як оила дар зодгоҳашон деҳаи Боғи Мирии ноҳияи Фазобод баргузор мегардад ва дӯстону наздиконаш бинобар сабаби карантин ва бемории Covid-19 наметавонанд ба ҷанозаи марҳумон ширкат намоянд. Онҳо дуо мекунанд, ки макони охираташон шоистаи ҷаннат гардад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД