Имрӯз мардуми сарбаланду сарафрози куҳандиёрамон бузургтарин ва боарзиштарин ид-ҷашни 31-умин солгарди Истиқлолияти Давлатии Тоҷикистонро бо шукӯҳу шаҳомат ва тантана таҷлил менамоянд.
Дар ҳақиқат истиқлолияти давлатӣ боарзиштарин неъмате мебошад, ки миллати азияткашидаи тоҷик баъди беш аз 1000 соли бедавлатиҳо дубора ба даст овардааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар баромадҳояшон истиқлолиятро бузургтарин ва муқаддастарин дастоварди миллати тоҷик номида, аз тамоми мардум пос доштан ва чун гавҳараки чашмони худ эҳтиёт намудани ин ганҷи бебаҳро тақозо менамоянд.
«Маҳз Истиқлолият ба мо имконияти таърихие фароҳам овард, ки Ватани худро соҳибӣ кунем, давлатдории миллии хешро барпо намоем, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё созем, ормонҳои деринаи халқамонро амалӣ гардонем ва зиндагии озодонаи мардумамонро ба роҳ монем»-мегӯяд ба таъкид сарвари давлат.
Қадамҳои аввалини истиқлолият дар кишвари мо бо даргириҳои дохилӣ ва ҷанги бародаркушӣ тавъам афтида, мардуми тоҷик барои нигаҳ дштани якпорчагии миллат ва муҳофизати хонаву хонумони худ азобҳои зиёде кашиданд. Бар асари ҷанги бародаркушӣ ва ҳодисаву воқеаҳои кулфатбори солҳои 1990-1992 тамоми фишангҳои давлату давлатдорӣ аз байн рафта, иқтисодиёти кишвар пурра фалаҷ гашт. Оташи ҷанг ҳамоно аланга мезад ва ҳукумати Тоҷикистон роҳҳои расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ ва ба Ватан баргардонидани мардуми овораву сарсони тоҷикро, ки ба Афғонистон ва дигар кишварҳо гуреза шуда буданд, ҷустуҷӯ мекард. Албатта хомӯш кардани оташи ҷанги бераҳмонаи бародаркушӣ, аз ҳазорон нафарро ҷавонмаргу садҳо ҳазор тоҷики дигарро бехонаву бехонумон гардонд, саҳлу осон набуд, вале баъди гуфтушунидҳои зиёд бо мухолифин,ниҳоят бо ҷонфидоӣ ва талошу заҳмтаҳои бепоёни Пешвои миллат 27- июни соли 1997 Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ байни Ҳукумати Тоҷикистон ва мухолифин ба имзо раисда, он рӯзи хеле муборак “Рӯзи ваҳдати миллӣ” эълон шуд. Аз ҳамон вақт инҷониб ҷомеаи ҷаҳонӣ таҷрибаи пешқадами «Сулҳи тоҷикон»-ро меомӯзад ва ҳамчун намунаи беҳтарини гуфтушуниди созанда ба кишварҳои дигари олам пешниҳод менамояд.
Пас аз ором шудани вазъ сарвари давлати тоҷикон аз паси ободии мамлакат гашта, дар як муддати хеле кӯтоҳ кишвари ҷангзадаро ба Тоҷикистони ободу осоишта табдил дод. Кандани синаи кӯҳсорон ва бунёди роҳҳои ободу тахту ҳамвори мошингард, бунёди нақбҳои азими “Анзоб”, “Шаҳристон”, “Истиқлол”, бунёди роҳҳои оҳан, шоҳроҳи “Роҳи абрешим”, сохтмони неругоҳҳои азими обиву барқӣ аз қабили “Сангтӯда-1”, “Сангтӯда-2”, НОБ-и “Роғун”, комилан дигаргун гаштани чеҳраи дили давлати тоҷикон-шаҳри гулрезу гулбези Душанбе аз ҷумлаи беҳтарин ва бузургтарин дастовардҳои даврони Истиқлол ба шумор мераванд.
Бо шарофати Истиқлолият имрӯз сокинони кишварамон ҳаёти орому осоишта ба сар мебаранд ва дар тамоми фаслҳои сол, сарфи назар аз бду борону барфу яхбандӣ ҳаракати нақлиёт дар дохили мамлакат ва берун аз он ба тамоми самтҳо бе ягон душворӣ ба роҳ монда шудааст.
Тоҷикистон тавонист дар 31-соли Истиқлолияти хеш истиқлолияти комили энергетикӣ ба даст оварда, амнияти озуқавории худро таъмин намояд ва бо сохтмони неругоҳҳои хурду калони барқи обӣ, хатҳои интиқоли қувваи барқ, тунелҳо, шоҳроҳҳову пулҳои байналмилалии мошингард ва даҳҳо иншооти азими инфраструктураи иҷтимоӣ худро ҳамчун як кишвари тавоно ба оламиён муаррифӣ намояд. Зинда боз Тоҷикистони соҳибистиқлол ва фарзандони бо нангу ору созандааш!
Ҷашни Истиқлолият муборак бошад, ҳамдиёрони азиз!
Бод истиқлол ҷовид,
Дар фазои Тоҷикистон.
Дар дили ман, дар дили ту,
Ҳамватан, чун ишқу армон!