gazprom august 2025
Фавти 16 нафар дар кӯлу дарёҳои Суғд. Ҷустуҷӯйи 2 ҷасад идома дорад
03.09.2025
Oila.tj
176

Дар вилояти Суғд давоми соли равон 16 нафар дар кӯлу дарёҳо ғарқ шуда, фавтидаанд. Ҷустуҷӯйи 2 ҷасад то ҳол идома дорад.

Дар ин бора Ҷамшед Кӯчаков, муовини сардори Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд иттилоъ додааст. Гуфта мешавад, ки теъдоди ғарқшудагон дар муқоиса бо соли гузашта 8 нафар кам мебошад. Зимнан, аз тарафи наҷотдиҳандагони дастаи махсуси зудамали Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд 10 нафар ҳангоми ғарқшавӣ наҷот дода шудаанд.

Гуфта мешавад, ки аз шумораи умумии ғарқшудагон аксарияташон ноболиғон буда, дар мавсими оббозии имсола бештар бо сабаби дар ҷойҳои манъшуда оббозӣ кардан ғарқ шуда, ба ҳалокат расидаанд.

Бештари ҳодисаҳои ғарқшавӣ бошад, дар Сирдарёи шаҳри Хуҷанд, ки ду пули мошингузар дорад, ба қайд гирифта шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД