sebiston july new
ФАВРӢ: САДАМАИ 3 НАҚЛИЁТ ДАР ШОҲРОҲИ ДУШАНБЕ - ТУРСУНЗОДА
2062

Садамаҳо дар шоҳроҳҳои пойтахт аз ҷумлаи ҳодисаҳоеанд, ки сабаби марги мусофирони бегуноҳ мегарданд. Аксари ин садамаҳо бо айби баланд кардаи суръати мошин, майнӯшӣ, хоббарӣ дар пушти чанбарак, надонистани қоидаҳои роҳ ва боз чанд далели дигар рух медиҳанд.

Соати 8:30 дақиқаи субҳи имрӯз дар шоҳроҳи Душанбе – Турсунзода ронандаи автомашинаи тамғаи “Тайота - Прадо” ҳангоми ҳаракат дар роҳи калон, ки бо суръати баланд мерафт, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромад, ба болои мошини тамғаи «Деу - некси» баромад. Дар натиҷаи ин садама ду нафар мусофирони мошини «Деу - некси» ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ба беморхона интиқол ёфтанд.

Инчунин, ин бархӯрд сабаби ба вуҷуд омадани танбашавӣ ва монеа дар роҳ гардид. Ҳамзамон, автомашинаи тамғаи “Opel Astra Caravan”, ки дар ин хатсайр ҳаракат мекард, дучори танбаи мошинҳо шуда, ба бетони қади роҳ бархӯрд.

Тафсилоти бештари ҳодиса маълум нест. Мақомоти корҳои дохилии кишвар дар ин бора то ҳол иттилоот надодаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД