Formula novemver 2024
ФАВРӢ: КОРОНАВИРУС ШУДАНИ 3 БАДАХШОНӢ ДУРӮҒ АСТ
4454

 

Бархе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз вазъияти рӯз сӯйистифода намуда, дар атрофи бемории нави коронавирус хабарҳои бардурӯғ паҳн карда, мардумро ба таҳлука оварда истодаанд.

Аз ҷумла, ду рӯз қабл дар мессенҷерҳои Whats app, Viber ва Imo паёми овозие дар он маврид паҳн шуд, ки гӯё се муҳоҷири зодаи Бадахшон дар шаҳри Москав мубталои коронавирус шудаанд. Муаллифи сабт худро муррифӣ накардааст ва дар кадом беморхона ҷой доштани беморонро низ нагуфтааст.

Кумитаи тандурустии Созмони ҷамъиятии “Нур” овозаи ошкор шудани се ҳолати гирифтории муҳоҷирони тоҷик ба коронавирусро беасос ва бардурӯғ номид. Броимшо Маҳмадшоев, духтури дил ва ёвари тиббии “Нур” дар як суҳбати худ афзудааст, ки “То имрӯз миёни зодагони Тоҷикистон, хоса ВМКБ дар Москав ягон ҳолати гирифторӣ ба вируси CОVID -19 сабт нашудааст. Ҳамаи овозаҳо оиди бемор будани ҳамшаҳриҳо бардурӯғ ва беасосанд. 9 нафар аз муҳоҷирон, аз ҷумла се кӯдак дарвоқеъ таҳти назорати пизишкон қарор доранд, вале аксари онҳо бо нишонаҳои илтиҳоби шуш, ҳарорати баланд ва зуком бистарӣ шудаанд. Инчунин, ягон нафаре аз онҳо дар беморхонаи "Коммунарка" нестанд”.

Тибқи гуфтаи Маҳмадшоев 9 нафаре, ки дар беморхонаҳо ҳастанд (2 нафар дар табобатхонаи № 15, 1 нафар дар бемористони сироятии №1, ду нафар дар бемористони №68, як нафар дар беморхонаи № 13, се кӯдак дар беморхонаи Морозовский ва як бемор дар табобатхонаи №67) таҳти назорати пизишконанд.


 18 тавсия барои пешгирии коронавирус


 Қобили ёдоварист, ки аз 28 март то 5 апрел дар Федератсияи Россия карантин эълон гардидааст. Дар байни муҳоҷирон низ ҳастанд нафароне, ки қоидаҳои буду бошро дар ҳудуди Русия вайрон кардаанд ва ҳуҷҷати лозима надоранд, вале ба ин нигоҳ накарда набояд бемориашонро пинҳон нигоҳ доранд. Броимшоҳ Маҳмадшоев ба муҳоҷирон муроҷиат намуда, мегӯяд: “Агар муҳоҷирон дар худ нишонаҳои дарди сар, сулфа, дилбеҳузурӣ, нафаскашии вазнин ва дигар аломатҳои монанд ба инро эҳсос кунанд, бояд фавран ба ёрии таъҷилӣ занг зананд”.

P. S: Ҳамватанони гиромӣ! Бояд дар хотир дошт, ки паҳн намудани овозаҳои бардурӯғ бадтар аз пайомади вируси нави корона аст. Овозаҳо, алалхусус дар бораи муҳоҷирон, метавонад наздикони онҳоро ба таҳлука оранд. Инчунин, дили беморони калонсолон низ ба ин ҳол тоб оварда наметавонад. Дар ин ҳолат кӯмаки ягонаи мо ба ҳамагон ин аст, ки дастҷамъона дастурамали Вазорати тандурустиро оид ба беҳдошти саломатӣ риоя намоем ва худу наздиконро аз беморӣ эмин нигоҳ дорем. Саломатии ҳар як инсон дар дасти худи ӯст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД