shoh palace
ФАВРӢ: 12 ТОҶИК ДАР ХОБГОҲИ ЛЕНИНГРАД БА КОРОНАВИРУС МУБТАЛО ШУДАНД
2059

Феълан рафтуомад ба хобгоҳе, ки дар он 60 нафар ба сар мебарад муваққатан маҳдуд кардаанд ва аз ҳамаи онҳо ташхиси COVID - 19 гирифтаанд.

Дар хобгоҳи деҳаи Гореловои вилояти Ленинград, 12 муҳоҷир мубталои коронавирус шуд, хабар медиҳад ТАСС бо такя ба ситоди фаврии минтақавӣ.

Феълан рафтуомад ба хобгоҳ муваққатан маҳдуд карда шудааст. Маълум шуда, ки дар ин хобгоҳ 60 нафар ба сар мебурдааст.

Аз ҳамаи онҳо ташхиси COVID - 19 гирифтаанд, вале натиҷааш то ҳол маълум нест.

Ёддрас мешавем, ки пештар 123 муҳоҷир дар хостели ноҳияи Всеволожски вилояти Ленинград гирифтори коронавирус шуда буданд.

Барои табобати онҳо дар назди хостел беморхонаи саёйр сохтанд. Чанде пеш хабар дода шуд, ки хушбахтона ҳамаи муҳоҷирон шифо ёфтаанд.

Вале, яке аз беморон, ки муҳоҷир аз Ӯзбекистон будааст, натавонист бар ин вабои аср пирӯз шавад ва ҷони худро аз даст дод.



Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД