Блогери шинохта Фаридун Сафаров бо тахаллуси Фавик, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо наворҳои ҳаҷвии худ маҳбубияти зиёд ба даст овардааст, дар озмуни онлайнии “Рейтинг-2022”-и сомонаи Pressa.tj дар номинатсияи “Блогери сол” овози бештар гирифта, соҳиби ҷойи аввал гардид. Ҳафтаи равон Фавик меҳмони идораи Pressa.tj буд ва бо дипломи фахрии сомона қадрдонӣ карда шуд. Фаридун ба чанд саволи мо посух дод, ки онро манзури хонандагон мегардонем.
Фавик кист?
Фаридун 23 сол дорад. Ӯ 3-юми ноябри соли 1999 дар ноҳияи Рӯдакӣ таваллуд шуда, мактаби №59-и ин ноҳияро хатм кардааст. Сабаби рӯ ба блогерӣ оварданашро Фаридун чунин нақл кард: “Ҳар як одам шавқу ҳавасе дорад. Ман медидам, ки чӣ гуна дигарон дар интернет машҳур буданду мухлисони зиёд доштанд. Ба мисоли Тоҷикон-Усмон, ки наворҳои вайн (наворҳои ҳаҷвие, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ давр мезананд, бо мафҳуми вайн маъмул ҳастанд) омода мекарданд. Он вақтҳо дар мактаб ман аз хонандагони фаъол будаму ҳар чорабиние, ки баргузор мегардид, ҳатман саҳначаҳои ҳаҷвӣ омода мекардем. Ҳамин тавр ба интернет ворид гардидем”.
Дар ҷустуҷӯи тахаллус
Мусаллам аст, ки аксарияти блогерон барои ҷалби бештари аудитория барои худ тахаллуси ғайриоддӣ интихоб мекунанд. Фаридун аз рӯзҳои интихоби тахаллус чунин ёдоварӣ намуд: “Ростӣ, соли 2012 вақте дар гугл барои худ тахаллус меҷустам, мехостам як тахаллусе пайдо шавад, ки дар ҳеҷ ҷой набошад. Ёдам ҳаст, баъзан номеро ҷустуҷӯ мекардам ва баъдан маълум мешуд, ки он тарҷумаи як асбоби техникӣ будааст”, - мегӯяд ӯ бо ханда.
Фаридун бисёр рэпсароиро дӯст медошт ва сараввал хост ба тахаллуси худ ҳарфҳои “МС”-ро ҳамроҳ кунад. Чун ин нишони рэпсароёни машҳур буд. Вале бисёриҳо ба ӯ гуфтанд, ки “барои “МС” шудан хеле заҳмат кашидан даркор”. Аз ин рӯ, Фаридун ба тахаллуси худ танҳо ҳарфи “М”-ро илова намуд ва ҳамин тавр “m_favik” пайдо шуд. Вале “ҳама медонанд, ки ман аллакай “МС” ҳастам”, - мегӯяд ӯ.
Ҳаҷв бояд воқеӣ бошад
Фаридун ба он назар аст, ки вақте блогер ҳаҷвнигор мешавад, бояд нақшҳои офаридааш аз зиндагии воқеӣ маншаъ бигиранд. Дар акси ҳол тамошобин пайдо кардан душвор аст.
Ӯ ба саволи мо доир ба он ки “бисёриҳо блогеронро барои бадахлоқӣ танқид мекунанд, шумо ба ин чӣ мегӯед?”, чунин гуфт: “Ин ҳақиқат аст. Бигзор ин корро накунанд. Ман ҳам ба ин чиз рӯ ба рӯ шуда будам. Ғалати ман дар ҷодаи блогерӣ не, балки дар рэпсароӣ рух дод. Ҳафт рӯз маро ҳабс намуда буданд, ки ин барои ман дарси ибрат шуд. Ҳар касе, ки бадахлоқӣ мекунад, бояд ислоҳ шавад, вагарна дигарон ӯро ислоҳ мекунанд. Моро дар интернет кӯдакону калонсолон низ тамошо мекунанд.Он чизеро, ки ман ба аудитория пешкаш мекунам, хоҳу нохоҳ кӯдакон тақлид мекунанд”.
Наворҳое, ки Фаридун барои саҳифаи худ омода мекунад, бештари он интихоб ва идеяи худаш аст ва онҳоро ба қавле “гулкорӣ” мекунад. Ӯ мавзӯҳоеро интихоб мекунад, ки дар ҳаёти инсонҳо рух додааст. Фаридун танҳо 20 дарсади мавзӯҳоро аз нақшҳои ҳаҷвии хориҷӣ интихоб мекунад ва онҳоро тағйир дода, ба завқи обуначиёни худ мувофиқ мегардонад.
Фаридун дар саҳифаи Instagram-и худ беш аз 300 ҳазор обуначӣ дорад. Ӯ ин ҳамаро аз писанд омадани нақшҳояш ба истифодабарандагони Instagram медонад.
Ӯ нақша дорад, ки бо гуруҳи худ филмҳои хурд омода кунад ва дар баробари ин, омода аст, ки нақшҳои мувофиқи ба ӯ пешниҳод гардидаро қабул кунад.
Фаридун Сафаров ба ғайр аз блогер будан челонгар аст. Ӯ гуфт, ки “Вақтҳое, ки дар интернет набудам, ба назди Олим ном ҳамсояамон мерафтам ва аз ӯ ҳамин касбро омӯхтам. Хулоса, касбе дорам, ки метавонам бо он кор кунам”.
Фаридун дар зиндагӣ хушбахт буда, оиладор ва соҳиби ду духтарча аст. Мо ба ӯ муваффақияти аз ин ҳам бештарро таманно менамоем.
Идибеки САИД