Arzon march 2024
ФАТТОҲЗОДА САИДМУРОД: ХАБАР ОИД БА ҶАРИМА СИТОНДАН ДАР ҲОЛАТИ НАПӮШИДАНИ НИҚОБ АСОС НАДОРАД!
2570

Дар сомонаи хабаргузории "Азия-Плюс" хабаре дар мавриди он нашр шуд, ки як гурӯҳ вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон пешниҳод намудаанд, ки ба Кодекси маъмурии ҳуқуқвайронкунии кишвар тағйирот ворид гардад.

Мувофиқ ба ташаббуси вакилон барои вайрон кардани тартиботи "ниқоббандӣ" ҷарима ҷорӣ карда шавад. Ин хабарро ба идораи сомонаи мазкур манбаи мафҳузе аз Маҷлиси намояндагони Маҷлисии Олии расондааст.

Айни ҳол, ҷарима гӯё ба андозаи аз 116 то 290 сомонӣ пешбинӣ гардидааст, вале интихобшудагони халқӣ пешниҳод намудаанд, ки андозаи ҷарима баланд бардошта шавад ва ба ин васила аз қонунвайронкунандаҳо аз 174 то 406 сомонӣ ҷарима карда шаванд.
Ба хотири муайян кардани саҳеҳияти хабар, рӯзноманигори сомонаи Oila.tj бо Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмиллалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода сӯҳбати телефонӣ намуд. Фаттоҳзода С. ба масъалаи мазкур равшанӣ андохта, изҳор дошт, ки "оид ба масъалаи ситондани ҷарима аз шаҳрвандон дар мавриди напӯшидани ниқоб қабули ягон хел қарор пешбинӣ нашудааст". Инчунин, мавсуф илова намуд, ки дар Федератсияи Русия ҳатто ҳангоми аз хона баромадан ва дар ҷойҳои ҷамъиятӣ гаштугузор намудани шаҳрвандон, аз онҳо ба андозаи калон то 40 000 рубл ҷарима ситонда мешуд, ки ин боиси эътирози зиёд аз ҷониби сокинони он кишвар гашт.
"Барои қабул кардани чунин қарорҳо вазъият ҳамаҷиҳата омӯхта ва ба назар гирифта мешавад. Аз ин лиҳоз, ин хабар нодуруст аст ва бори дигар таъкид менамоям, ки ягон қарор оид ба ворид намудани тағйирот ба Кодекси маъмурии ҳуқуқвайронкунӣ оид ба ин масъала то ҳол пешбинӣ нашудааст".

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД