1xbet
Фасод дар куҷо бештар аст?
176

Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар бадали 6 моҳи соли равон 1245 ҷиноятҳои хислати коррупсионӣ ва иқтисодӣ доштаро ошкор намуда, дар робита бо ин ҳодисаҳо 710 нафар ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд.

Дар ин бора сарвари ин ниҳод Сулаймон Султонзода зимни суҳбат бо журналистон иттилоъ дода, қайд кардааст, ки фасод махсусан дар мақомоти маҳаллии шаҳру ноҳияҳо зиёд аст.

Дар нимсолаи аввали соли 2025 Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар мақомоти маҳаллии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 183 ҷиноятҳои хислати иқтисодӣ ва коррупсионӣ доштаро ошкор намудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 32 адад бештар мебошад. Дар зинаи дуюм соҳаи тандурустӣ қарор дошта, дар ин бахш 103 ҷинояти коррупсионӣ ошкор шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 29 адад бештар аст.

Дар бахши геодезия ва заминсозӣ 58, дар соҳаи маориф ва илм 49, корҳои дохилӣ 48, барқ 39, бонк 30, кишоварзӣ 24, меҳнат 12, мудофиа 12, дар системаи судӣ 8, ҳифзи муҳити зист 7 ва дар дигар мақомоти давлатӣ ва ширкату корхонаҳо 665 ҷиноятҳои хислати иқтисодӣ ва коррупсионӣ дошта ба қайд гирифта шудаанд.

Зарари иқтисодии расонидашуда 624,1 млн сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 373 млн сомонӣ бештар аст. Зарари аз ҳисоби дуздӣ ва камомад расида 401 миллион сомонӣ, зиёд нишон додани ҳаҷми корҳои иҷрошуда дар бахши сохтмон ва таъмир 104 миллион ва кам нишон додани андоз 53 млн сомониро ташкил медиҳад. Дар робита бо ин ҳолатҳо 63 парвандаи ҷиноятӣ оғоз ёфтааст.

Дар ин давра ба манфиати давлат 637 млн сомонӣ рӯёнида шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД