Formula novemver 2024
Фарзона: Ба ҷойи кӯмак ҳақорат мешунавем
1221

Салом! Ман Фарзона ҳастам, сокини шаҳри Душанбе, модари се фарзанди нозанин: як писару ду духтар.

Ба ҳайси табиб дар яке аз беморхонаҳои шаҳрӣ кор мекунам. Соли 2011 оиладор шудам, вале намедонам аз чӣ бошад, ки модаршӯям аз рӯзҳои нахустини зиндагӣ маро қабул карда натавонист.

Ҳамин тавр, баъд аз 12 соли зиндагӣ, пас аз ҷангу ҷанҷоли зиёд ва муноқишаҳои бепоёни оилавӣ ману шавҳарам ба хулосае омадем, ки ҷудо мешавем. Аниқтараш шавҳарам, ки худаш корманди мақомот аст, хотири се фарзандашро надида, дар пеши пойи падарам истода, зораву тавалло кард, ки илтимос, духтаратро гирифта бар ва бо овози баланд дод зад, ки ман мард хастам, аз занам ҷудо шавам ҳам, фарзандонамро нигоҳубин мекунам, вале...

Муддати 7 моҳ мешавад, ки ману фарзандонам дар хонаи падарам ҳастем, лекин аз падари кӯдаконам хабаре нест. Ба фарзандонам ягон чиз лозим шаваду ба падарашон паёмак нависам, шавҳарам бо ҳакоратҳои қабеҳ (иди на... аблаҳ, разил, лаънатӣ, ҳарром...) ба мо ҷавоб мегардонад.

Хайрият, ки дар вақташ хонда будам ва имрӯз дар ду баст кор карда, се фарзандамро худам бо меҳнати ҳалол ба воя мерасонам, агар бесавод мебудам, намедонам ҳоли кӯдаконам чӣ мешуд.

Бисёр душвор будааст барои зан се фарзандро бе падар калон кардан. Аламовараш он аст, ки падари бачаҳоям дар болои вазифа аст ва мудом бо мошини гаронбаҳояш кайфу сафо карда мегардаду ҳатто як бор ҳам ба ёд намеорад, ки фарзадонаш чӣ ҳол доранд, чи мехӯранду чӣ мепӯшанд.

Боварӣ дорам, ки фарзандони ман бо хости Худо калон мешаванд, вале коре, ки падари фарзандбезорашон кард, як умр чун доғ дар дилашон мемонад.

Аз падарон хоҳиш мекунам, ки бо тақдири фарзандонашон бозӣ накунанд, чунки оҳи дили кӯдакони бегуноҳ як рӯз не, як рӯз албатта падари фарзандбезорро мегирад. Бинобар ин, ба падару модарон гуфтаниам, ки ҳаргиз садди роҳи хондани духтари худ нагарданд, чунки касе намедонад, ки дар оянда ҳаёти он духтар чӣ гуна сурат мегирад.

Дар охир аз мақомоти давлатӣ хохиш мекунам, ки пеш аз вазифаеро ба ӯхдаи касе гузоштан аввал санҷанду бинанд, ки он инсон дар хона бо аҳли оила ва зану фарзандонаш чӣ гуна муносибат дорад. Касе, ки оилаи худашро идора карда наметавонад, чи тавр аз ӯҳдаи хизмат ба Ватан ва давлату миллат мебарояд?

Шарифова Фарзона,

сокини ш. Душанбе

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД