Commerce bank may-june 2026
Фарзандони худро беназорат нагузоред!
09.06.2026
Oila.tj
64

Ҳамасола бо фаро расидани мавсими шиноварӣ, мутаассифона, ҳодисаҳои зиёди ғарқшавии кӯдакону наврасон дар кӯлу дарёҳо, каналҳо ва дигар маконҳои хатарнок ба қайд гирифта мешаванд. Аксари чунин ҳодисаҳои нохуш дар натиҷаи беэҳтиётӣ, риоя нагардидани қоидаҳои бехатарӣ ва беназорат мондани ноболиғон рух медиҳанд.

Бо назардошти ин, Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз тамоми шаҳрвандон, махсусан падарону модарон даъват намудааст, ки назорати фарзандони худро пурзӯр намуда, нагузоранд, ки онҳо дар чунин маконҳои хатарнок бе ҳамроҳии калонсолон ба оббозӣ машғул шаванд.

- Дар хотир бояд дошт, ки як лаҳза беаҳамиятӣ ва беназоратӣ метавонад боиси ҳодисаи фоҷиабор гардад. Ҳифзи ҳаёт ва саломатии фарзандон пеш аз ҳама масъулияти ҳар як падару модар мебошад,- меафзояд манбаъ.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД