Formula novemver 2024
ФАРЗАНДОНАМРО ПАРТОФТА РАВАМ?
19.05.2021
Оила
3452


Салом кормандон ва хонандагони сершумори “Оила”-и азиз!
Ман яке аз мухлисони ҳамешагии ин газета ҳастам ва мехоҳам дарди диламро ба шумо бигӯям, чунки танҳою ҳайрон мондаам, охирин умедам шумоед. Вазниниҳои зиёд маро хаставу ашки чашмонамро аз гиряву нолаи бисёр хушк кардааст.

Падарам ба Русия мардикорӣ рафту дигар барнагашт. Кашидани аробаи шалақи зиндагӣ бо бори гаронаш бар дӯши модари танҳоям афтид. Солҳою моҳҳо мегузаштанд, вале ҳамоно чашм ба роҳи падар доштем, ки шояд рӯзе аз дар даромада, кулбаи эҳзони моро бо нури рӯяш мунаввар месозад, аммо ин орзуи кӯдаконаамон ҳеҷ ҷомаи амал намепӯшид. Модарам маҷбур буд, ки тамоми кору бори хонаро ба ман вогузор намуда, баҳри як бурида нон ёфтан рӯзи дароз меҳнат кунад. Мани аз шӯхию бозии кӯдакона сер нашуда ба ҳамсолони бе ғам ва бе парвоям нигариста, баъзан ҳатто ашк мерехтам. Ба падарам нафрат доштам, ки чаро маблағ намефиристад, то ки мо низ мисли дигар кӯдакон хушу хурсандона зиндагӣ карда, нони серӣ хӯрем ва мазаи гӯшту қанду қандалотро бичашем. Ҳамин тавр бо ранҷу азоб ва хорию зориҳои бисёр калон шудем. Падарам баъди нуҳ сол ба хона баргашт, вале ӯро дигар шинохта намешуд, на заррае меҳр дошт ва на раҳму шавқат. Кораш мудом арақхӯрию ҷӯрабозӣ ва аз паси занҳои бегона давидан буд. Мурданивор шароб менӯшиду масту махмур ба хона баргашта, модари бечораамро зери мушту лагад мегирифт. Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, баъди синфи нуҳум падарам маро аз мактаб гирифт. Акнун рӯзи дароз ҷангу ҷанҷоли падару модарамро тамошо карда, ҷигархун мешудам, аз ҳамин сабаб вақте ки хостгорон дари хонаамонро кӯфтанд, ҷавонро надида бошам ҳам, розигӣ додам, чунки мехостам ҳарчи зудтар аз ин ғурбатсаро халос шавам. Гумон доштам, ки шавҳар карда рӯзу рӯшноӣ мебинам, вале хаёлам хоб баромад. Аз барф гурехта ба зери новадон афтидам. Пеш аз тӯй гуфта буданд, ки домод хонаи алоҳида дорад ва бачаи коргару пулёб аст, аммо ҳамааш дурӯғ будааст. Маро арӯс карда ба хонаи бибии шавҳарам бурданд, баъди чанде кампир таъкид кард, ки ҷоямонро ёбем. Ҳамин тавр азобҳои алими дар ба дарию сарсониам оғоз ёфт. Мо мисли қавми лӯлиёни кӯчманчӣ аз ин иҷорахона ба он иҷорахона мегаштем, бар замми ҳамаи ин, шавҳарам маро таги мушту лагад гирифта, мурданивор мезад. Баъди ду сол соҳиби духтарча шудам, вале шавҳари ношукрам “бача накардӣ” гуфта, қиёматро қоим кард. Фикр мекардам, ки агар писар таваллуд кунам, ҳаётам орому осуда мешавад, вале ҳайҳот...

Хуллас, се фарзанд таваллуд карда, ҳеҷ рӯйи бахту шодиро надидам. Дар ин муддат аз шавҳарам фақат дашному ҳақорат шунида, мушту лагад мехӯрдаму халос. Мард шуда, вай ягон бор ба ман як сухани ширин нагуфтааст, ки дилам ба зиндагӣ гарм шавад. Бовар мекунед, ҳатто рӯзҳое буданд, ки шавҳарам ба гулӯям корд монда, маро куштанӣ мешуд, вале бачаҳоям гиря карда ба пойҳояш мечаспиданд, ки дадаҷон, очаамонро накуш. Хотири фарзандонам ман ба ҳама ҷабру ситами ин марди золим тоқат карда, аз болояш шикоят намекардам. Оқибат ғаму ғурбат корашро карду ба бистари беморӣ афтидам. Духтурон гуфтанд, ки аз зарбу лати зиёд сараш осеби вазнин гирифтааст. Вақти бо табобат овора буданам шавҳарам омада ҳуҷҷатҳои фарзандонамро аз дастам гирифта рафт. Ҳамон рӯз нафаҳмидам, ки барои чӣ вай ин корро кард, вале баъдтар маълум шуд, ки нияти ҷудошавӣ доштааст ва аллакай ба суд ариза пешниҳод кардааст. Зиндагӣ маҷбурӣ намешавад гӯён, ман ҳам ариза додам ва ҷудо кардани ҳаққи бачаҳоямро талаб намудам. Шавҳарам бо ман муноқиша карда мегӯяд, ки алимент намедиҳам. Вай таҳдид карда истодааст, ки агар бо ихтиёри худат аз фарзандонат даст накашӣ, бо туҳмат падару модаратро ҷудо мекунам. Падарам бисёр одами якрав аст ва чизе, ки нагӯянд, бовар мекунад. Метарсам, ки модари бечораам аз рӯйи ман дар сари пириҳо бадбахт гашта, рӯзаш аз ин ҳам сиёҳтар мешавад. Дар байни дуроҳаи қисмат зору ҳайрон мондаам.

Хонандагони азиз, илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам?

Хонандаи “Оила”, аз в. Суғд

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД