Sebiston new 2024 october
ФАРЗАНДОНАМ БА МЕҲРИ ПАДАР ЗОРАНД
3730

 Лола ном дорам. Як зани дар зиндагӣ шикастхӯрда ҳастам. Мо дар оила 2 бародару се хоҳар ва ман фарзанди хурдӣ будам. Модарам барвақт аз дунё гузаштанд. Падарам низ аз ранҷу азоби зиёд ба беморие гирифтор шуда, рӯйи ҷойгаҳ монд.


Падарамро худам нигоҳубин мекардаму бо вуҷуди мушкилиҳо мактаби миёнаро хатм кардам. Хеле мехостам сазовори номи донишҷӯ гардам. Билохира ба орзуям расида, донишҷӯ ҳам шудам. Бародаронам чунон сахтгир буданд, ки баъд аз дарсҳоям аз хона баромадан намемонданд. Хостгорҳо меомаданд, аммо падарам аз тарси он, ки ман аз уҳдаи зиндагӣ намебароям, ҳамаашонро ноумед гусел мекарданд.

Бо амри тақдир дар шаҳр бо ҷавоне вохӯрда, ба ҳам дил бастем. Ҷавон падару модарашро ба хостгорӣ равон карду падарам ноилоҷ розӣ шуд. Рӯзи тӯй муайян шуд ва маро ба хонаи бахтам гусел карданд. Бо сад орзуву ҳавас ба зиндагӣ шуруъ карда, аз рӯзҳои аввал шавҳарамро аз ҷон бештар дӯст медоштам. Шавҳарам чандон ҷавони зебо набошад ҳам, меҳрубон буд. Азбаски дӯсташ медоштам, бароям зебо будану набуданаш муҳим набуд. Хушдоманам ду писар дошт ва мегуфт, ки ту бароям келин нею духтарам ҳастӣ. Додаршӯям бошад, аз рӯзи аввал бо ман соз нагирифт. Чунон бадфеъл буд, ки баъди ба кор рафтани бародараш барқасд ба хонаи хоби ману акааш даромада, дар рахти хоби мо хоб мерафт. Хушдоманам боре писарашро барои ин кораш насиҳат намекард. Аз чунин рафтори додаршӯям бисёр ранҷ кашида, пинҳонӣ ашк мерехтам.

Шавҳарам низ аз тарси модараш ҷуръати сарзаниш кардани додарашро надошт. Баъди ду моҳ ману шавҳарам ба хонаи алоҳида кӯчида, акнун зиндагиямонро худамон пеш мебурдем. Соҳиби писарча шуда, гумон кардам, ки зиндагиямон беҳтар мегардад. Аммо рӯз аз рӯз муносибатҳоямон сард гашта, шавҳарам пайваста бо ман ҷангҷол мекард. Оҳиста-оҳиста модаршӯям низ маро бад медидагӣ шуд. Бо вуҷуди ҷудо зиндагӣ карданам ҳар моҳ ба хонаи хусуру хушдоманам рафта, хизматашонро мекардам. Умед доштам, ки рӯзе ҳамааш хуб мешавад, вале...

Мо соҳиби 2 фарзанд шудем, шавҳарам дар донишкада ба ҳайси мутахассис кор мекард.

Баъди ба кор даромаданаш шавҳарам чунон арӯсбоз шуд, ки ҳатто маоши гирифтаашро барои арӯсонаш сарф мекард. Рафта-рафта падари фарзандонам маро аз хона пеш мекардагӣ шуд. Вале бо ду фарзанд ба куҷо мерафтам? Магар янгаву акаам маро ба хонаи худ роҳ медоданд? Кор ба ҷое расид, ки хушдоманам барои писараш зани дигар ёфта, маро аз хона ронданӣ шуданд. Ҳар бегоҳ шавҳарам таъкид мекард, ки “ман зани дуюм мегирам, дигар шуморо дидан намехоҳам, аз назарам дафъ шавед”. Фарзандонамро ба боғча супоридаму худам дар корхонаи бонуфузе ба кор даромадам. Муддати ду сол шавҳарам маро азобу шиканҷа дод ва оқибат мо хонавайрон шудем. Шавҳарам дид, ки ман аз хона намеравам, худаш баромада рафт. Ман бо фарзандонам танҳо мондам. Бародаронам кӯмакам намуда, зуд-зуд аз ҳоламон хабар мегирифтанд. Дар муддати ду сол шавҳарам ба ман ягон хел кӯмак накард. Хушдоманам чанд маротиба ба хонаи ман омада, талаб кард, ки хонаашонро холӣ кунам. Шарм надошта мегуфт, ки кӯдаконатро гирифта рав, ман писарамро оиладор мекунам, вале ман хонаро холӣ накардам. Дидам, ки намешавад, ба мақомотҳои дахлдор аз рӯи шавҳарам шикоят намудам. Вакте ки вориди суд шудем, шавҳарам ба ман гуфт, ки зан доштанамро нагӯй. Аз шавҳарам пурсиданд, ки барои чӣ кӯдаконатро нигоҳубин намекунӣ?

Шавҳарам ба суолашон дурӯғ ҷавоб медод. Аз ман пурсиданд, ки оилаатон бо кадом сабаб вайрон шуд? Ба шавҳарам нигоҳ кардам, сарашро аз замин намебардошт. Гуфтам, ки ба фарзандонам кӯмак накунад ҳам, ақаллан манзили истиқоматиамро нафурӯшад, ман ҷои рафтан надорам, бо ду кӯдак ба куҷо меравам. Суд ману фарзандонамро дар хона маскун намуд. Айни замон бо фарзандонам танҳо зиндагӣ мекунем. Дигар зиндагӣ бароям маъное надорад. Шабҳои дароз бедорхобӣ мекашам, дилам ба кӯдаконам месӯзад. Онҳо ҳоло хурд ҳастанд, ба меҳрубонии падар ниёз доранд, ба фарзандони ҳамсояҳо бо ҳасрат нигоҳ мекунанд, меҳри падар, садои падар, чеҳраашро дар дигарон меҷӯянд. Ба тақдир тан дода, рӯзамро дар ҷои кор мегузаронам, мушкил аст барои як зани танҳову бе кас. Баъзан фикр мекунам, чаро солҳои зиёд ранҷу азоби шавҳару додаршӯ ва хушдоманамро тоқат кардаму рӯзи хуш надидам.

Ягона орзуям ҳамин аст, ки фарзандонам ба обрӯ калон шаванду падарашон дар орзуи дидорашон бошад.

Лола

 

 

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД