Arzon april 2022
Фарзанди маъюб зоида, оилавайрон шудам
490

Фарзанди маъюб зоида, оила вайрон шудам
Ман бо шавҳарам якдигарро дӯст дошта, оиладор шудаем. Зиндагиамон се соли аввал хеле хушу гуворо буд.

Баъди ҳомиладор шуданам хурсандии шавҳарам ҳадду канор надошт.Аммо дар таваллудхона баъди тавлиди духтарчаам табибон гуфтанд, ки бадбахтона фарзандат модарзод бе як гӯш ва қобилияти фикрронӣ надоштан тавлид шудааст. Ба ман пешниҳод намуданд, ки агар аз уҳдаи нигоҳубини тифли бемор набароям, тифлакамро ба хонаи кӯдакони маьюб супорам.Ман қатъиян розӣ нашудам. Охир, чӣ тавр пораи ҷигари худро мепартофтам? Шавҳарам бошад, баъди фаҳмидани бемории фарзандамон сахт ҷанҷол бардошта, мехост, ки аз баҳри кӯдак бароям. Гуфтам, ки охир ин тифл фарзанди туст.

Гуфт,ки ба ман кӯдаки маъюб даркор нест. Баъди ду моҳи кӯдакро ба хона оварданам шавҳарам маро партофта рафт. Ман мондаму кӯдаки бемор. Ҳатто хусуру хушдоманам ҳам ба хабаргирии набераи маъюбашон наомаданд.

Хуллас, ӯро бо азобҳои зиёду табобатҳои пайваста то ба 4 солагӣ расонидам. Ҳоло фарзандам каме маро мефаҳмад.Хушбахтам,ки модар ҳастам. Ин хушбахтӣ аз садҳо мард болотараст!
Таҳияи Ш.Наҷмиддин

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД