Дами вопасин
Зулфияхола хиш-хишкунон базӯр-базӯр нафас мекашид. Маълум буд, ки умри кампир сар омадаву шояд ин нафасҳо нафасҳои охиринаш бошанд.
Шавҳари 70-солааш Мирзобобо дар болои сараш нишаста, хомӯшу бесадо ашк мерехт. Дастони шахшӯли кампири Зулфия аз оби дидаи ҳамсафари ҳаётиаш тар мешуданд. Мӯйсафед дастони пажмурдаи ҳамсарашро бӯсида ба дидаҳояш мемолид ва бо ҳасрат "эй Зулфӣ, Зулфӣ маро ба ҳамин фарзандони бераҳму бешавқат гузошта рафтан мехоҳӣ?”-гӯён, мисли кӯдак зор-зор гиря мекард...
Оби дидагонаш аз чашмони калон -калон кушодаи бемор беихтиёр ба рӯйи болин шорида, болишту рӯйҷои хобашро тар мекард. Гапҳои шавҳараш ба гӯшаш дароянд ҳам, кампир ҳарфе ба забон оварда наметавонист, зеро дигар забонаш ба сухан гуфтан намепечид...
Мӯйсафед ҳамоно дастони занашро ба чашмонаш молида гиря мекард ва мисли ҳезуми тар дарун ба дарун месӯхт...
Дар ҳасрати фарзанд
Мирзо ва Зулфия ду писари ба қавли худашон “зархарид” доштанд. Зани шавҳар рассо 15 сол азоби бефарзандӣ кашида, баъди даводавиҳои зиёд соҳиби ду писар гашта буданд ва бачаҳояшонро тоҷи сар карда мегаштанд. Ҳар чизе, ки аз даҳони фарзандонашон барояд, сарашонро ба санг зада, аз таги замин бошад ҳам, онро пайдо мекарданд ва намемонданд, ки ба пойи ҷигарбандонашон ҳатто хораке халад. Эркаю азиз кардани падару модар бачаҳоро мағруру худпараст гардонд. Онҳо натанҳо ба гапи волидонашон гӯш намекарданд, балки падару модари худро дашному ҳақоратҳои қабеҳ медоданд. Азбаски чолу кампир заҳри бефарзандиро 15 соли дароз чашида буданд, дағалиҳои бачаҳои нозпарвардашонро нодида гирифта “фарзанддори ҳамин-дия, бача калон кардан магар осон аст?!” гӯён, ҳамдигарро тасаллӣ медоданд, вале...
Келин не, балои ҷон
Пиру кампир умед доштанд, ки шояд баъди оиладор шудан ақли бачаҳояшон ба сарашн зада одам мешаванду ба қадри падару модар мерасанд, аммо ба бахти бадашн ба онҳо келин не, балои осмонӣ расид. Арӯсон хизмати хусуру хушдоманро ба гардан нагирифта, ҳамагӣ баъди ду-се ҳафтаи омаданашон рӯзғорчаашонро ҷудо карданд.
Хонаро ба писарт деҳу дар оғил бихоб
Ду писар ҳамроҳи арӯсонашон хонаҳоро соҳибӣ карданд ва оғилхонаро рангу бор карда, падару модари пирашонро ба он ҷо кӯчонданд. Бӯйи бади порӯи гову гӯфсандон дар ин бино нишаста, ҳавояш чунон ғализ буд, ки нафас кашида намешуд. Чолу кампир сад азоб дар оғилхонаи бадбӯй умр ба сар бурда, худоро зорӣ мекарданд, ки дар дили фарзандонашон раҳму шафқат андозад, аммо “кӯзапуштро фақат хки гӯр рост ме кунад” гуфтагӣ барин, бачаҳои бераҳму шафқаташн ҳеҷ одам нашуданд, ки нашуданд...
Ғуссамарг
Зулфияхоларо ғами бемеҳрии фарзандон оқибат аз по афтонд ва кампир ба бистари беморӣ мехкӯб гашта монд. Парастории модари бемор он тараф истад, келинҳову бачаҳои сангдилаш ақаллан барои тасаллои дили модар як бор аз дараш дармада, ҳоли ӯро пурсон намешуданд. Ягона ҳамдаму ғамрози пиразан дар ин рӯзҳои сахту сангини ҳаёташ мӯйсафедаш буд, вале қасд кардагӣ барин, ҳамон шаб оҳи сарди дарунсӯз бар лабу дасти пурожанги кампиракаш дар даст бобо Мирзо як лаҳза ғанаб кард. Ҳамин як лаҳза хоби ғафлат кофӣ буд, ки масъалаи кампир ҳал шавад...
Бо садои хир-хири бемор аз хб бедор шуда, мӯйсафед ба талҳука афтид. Ба чеҳраи кампираш зеҳн монда, дасту пояш латта барин суст шуд ва рангу рӯяш парид. Мирзобобо пай бурд, ки аҷал марҳами розашро аз ӯ ҷудо мекунад. Вай базӯр аз ҷояш хеста аз тоқча пиëлаи лабпаридаеро, ки ҳарду аз он бо навбат чою об менӯшиданд, гирифт ва бо пахта ба даҳони занаш чанд қатра об чаконд. Баъд чанд лаҳза садои қулттӣ шунида шуд. Ин охирин қатраи обе буд, ки кампир фурӯ бурд ва ба сӯйи шавҳараш табассуме карда, ҷон ба ҷонофарин супурд...
Ғарибмурда
Мирзобобо бо чашмони пуроб ба рӯйи завҷааш хам шуда, зери лаб пичиррос зад: "мабодо ягон гапи пасту баланд гуфта, хотири туро ранҷонда бошам, маро бубахш, кампир!”
Вай ҳамчунон гириста-гириста аз сандуқи кӯҳнаи чӯбине, ки ҳарду ëфту тофташонро “барои мурдавуу зиндамон "гӯëн, ба он меандохтанд, рӯймолчаеро гирифта, манаҳи занашро баст. Мӯйсафед бачаҳояшро аз марги модарашон хабардор накард, зеро дилаш аз фарзандонаш кайҳо ях барин хунук шуда буд. Медонист, ки ин охири дидори ӯ бо ҳамсараш аст ва мехост т дамидани субҳ розҳои ногуфтаашро ба кампиракаш бигӯяд. Писарони нозпарварди кампир ғофиз аз марги модар дар болои дивани мулоим бо ҳамсаронашон оғӯш ба оғӯш масту махмур мехобиданду мӯйсафед тани танҳо дар азои ҳамсараш хун мегирист...
Чаро модар фарзандонашро пиҳил накард?
Зулфияхола на пеш аз маргаш ва на дар дами марг бачаҳояшро пиҳин накарда, аз онҳо норозӣ аз олам даргузашт. Норозигии модар сабаб дошт. Чанд моҳ пеш кампир рӯзе ба писаронаш Азиму Азиз ба келинҳяш муроҷиат карда гуфт:
-Ману падарат фтоби сари кӯҳ шуда мондаем. Мо ба дидори шумо мӯҳтоҷем. Ягон чиз набиёред ҳам, гоҳ-гоҳ аз дарамон даромада ҳолу аҳволамонро пурсед, сарамон ба осмони ҳафтум мерасад, охир мо шумоëнро бо чи умеду орзуҳо калон карда ба воя расонидем. Чандин сол азоби бефарзандӣ кашидем. Сарамонро ба сад дар мезадем, ки худованд бароямон фарзанд диҳад, то дар дами пирӣ тани танҳо намонем. Вақте ки шумоён ба дунё омадед, аз хурсандӣ дар куртаамон намеғунҷидем, ки ба муроди диламон расидем. Умед доштем, ки дар дами пирӣ асои дастамон мешавед, вале...
-Уфф, боз сар кардед?! Бас будагист нолидан,-дод зад Азиз.
-Рост мегӯяд, кай вақте ки шуморо набинем, шикоят мекунед, охир чашмаки ман-чашмаки ту гуфта рӯзи дароз дар пеши шумо шинем, зану фарзандонамонро кӣ мехӯронад, -суханони бардарашро тақвият дод Азим.
Келинҳо ҳам “ намемонед, ки одам барин зиндагӣ кунем” гӯён, ба ғурбат сар карданд ва лабашонро бурма карда рафтанд.
Зулфияхола чизе нагуфта бшад ҳам, сахт ранҷид ва ҳамин алам оқибат ӯро ба бистари беморӣ афканда, билохира бо ҳамин дард аз дунё гузашт...
Дарди ниҳони падар
Аз марги Зулфияхола як сол гузашт. Мирзобобо ҳанӯз дар хонаи тангу бӯйдори мағорбаста тани танҳо зиндагӣ мекард. Келинҳояш аҳëн-аҳëн меомаданд ва ғурбаткунон хонаро ниму никора рӯбучин мекарданд. Барои он ки байни келинҳояш барои хонарӯбию либосшӯйӣ ҷангу ҷанҷл нашавад, аксар вақт мӯйсафед худаш ин корҳоро анҷом медод.
Боре Мирзобобо либосҳои чиркинро, ки чанд қабат қарқ баста буданд, ба кунҷи хона гузошт, чунки хеле хаста шуда буд ва мадораш барои шустан нарасид.
Мӯйсафед аз киссааш акси даврони ҷавонии ҳамсарашро бароварда бӯсид ва “номарди кардӣ Зулфи, бояд аз ту пештар ман мерафтам” гӯён, бо алам гирист.
Ҳамин тавр гириста-гириста пирамарди танҳоро хоб бурд. Дар хобаш Зулфияро бо либосҳои зебои абрешимӣ дид. Азизи дилаш дар зери ҳамон дарахти азими маҷнунбед, ки даврони ҷавонӣ боа ҳам вомехӯрданд, рост истода буд ва зери лаб чизе гуфта бо завқ механдид. “Маро ин ҷо танҳо гузошта худат хурсандӣ карда мегарди-а”-гилагузорӣ намуд мӯйсафед. Зулфия дасти Мирзобоборо гирифта, ишорат кард, ки аз паси ӯ омадан гирад. Онҳо ду-се қадам заданд, баъд якбора пару бол бароварда, мисли ду кабӯтари сафед ба осмон парвоз карданд....
Мурдаи бесоҳиб
Саҳар писари калонӣ Азим бо дастаи варақҳо ба хонаи падар даромад ва ӯро мурда ëфт. Ба ҷойи он ки фиғон кашида дар сӯги падар бигиряд ин ҷавони бемеҳр “вақти мурданатонро ёфтед-дия, ақаллан ба ҳамин коғазҳо имзо монда, хонаро ба номи ман мегузарондед намешуд” гӯён, зери лаб ғурбат намуд. Азиз ҳам баъди чанд лаҳза расида омад ва ҷисми бе ҷони падарашро дида, ба акааш Азим дарафтод. “Додома ту куштӣ-а?! Медонам, додома ту куштӣ, ки хонаро ба номи ман нагузаронад” -гӯён, вай ба бародараш часпида, бераҳмона ба сару рӯяш бо мушту лагад мезад.
Касе парвои мурда надошт. Қисми бе ҷони падар дар рӯйи хона бесоҳиб мехобид...